Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

VarMamur 20.09.2025
      Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Зикр кардан бо маврид аст, ки зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишварамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар замони истиқлол вусъати тоза пайдо намудаву ҳамасола даҳҳо муассисаҳи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.
Дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» санаи 20-уми сентябри соли равон дар деҳаҳои Қулписта ва Чинори Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Варзоб муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №70 ва №30-ро мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар рафти он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам ва дигар шахсон иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ
меҳмононро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои ташриф оварданашон ба ин ноҳияи зебоманзар хушомадед гуфта, миннатдории самимии хешро изҳор намуданд.
Илова бар ин, роҳбарияти ноҳия миннатдории сокинони Ҷамоати мазкурро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди чунин мактабҳои замонавӣ изҳори миннатдорӣ паён доштанд.
Тазаккур бояд дод, ки баромадкунандагон зимни суханронии хеш ёдовар шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, сохта дар он беҳтарин шароит барои омӯзгорон ва хонандагон фароҳам оварда шуд. Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд, кормандони соҳаи маориф бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият созанд.
Илова бар ин, зимни баромад таъкид шуд, ки тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи маблағҳои буҷети ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дорои 11 синфхона барои 264 нафар хонанда дар як баст ва сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дорои 7 синфхона барои 84 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта, имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин замина, баромадкунандагон ёдовар шуданд, ки соҳаи маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад. Аз ин рӯ, маорифро ибтидо ва дурнамои ҷомеа номидан мумкин аст, ки пояи адаби инсонӣ аз он маншаъ мегирад.
Инчунин, баромадкунандагон иброз доштанд, ки ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Ҳамзамон, баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли кишвар, махсусан донишомӯзии насли наврас, ки ояндасозони Ватан мебошанд, бештар дар меҳвари диққат қарор дорад. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон чунин иброз доштаанд: «Ҳадафи аслии мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили насли наврас ҳамин аст, ки онҳо соҳиби дониши мукаммал, забондон, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор ва дорои касбу кор ва ихтисосҳои гуногун бошанду дар ободсозӣ ва тараққии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузоранд». Ба ин мазмун, ҳадафи асосӣ аз ислоҳот дар соҳаи маориф, бознигарии барномаву нақшаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои фаъоли таълим, таҳияи ҷадиди китобҳои дарсӣ, нашри номгӯи зиёди дастурҳои методӣ, истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ ва амсоли инҳо тақвиятбахшӣ ба илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон мебошад. Инчунин, маҳз ба хотири боз ҳам вусъат бахшидан ба доираи донишҳои ояндасозони миллат ва фарогирии комилтари донишҳои муҳими муосир аз ҷониби онҳо дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» эълон шудааст, ки ин тадбири хеле самарбахшу манфиатбор дар самти тақвиятбахшии донишомӯзии наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки ғановати хазинаи дониш ва корбасти ин хазина марбут ба соҳаи маориф аст. Намоёнтарин чеҳраҳои ин соҳаи маърифатгустар омӯзгоронанд ва онҳо машъалафрӯзони олами дониш буда, дар замири шогирдон шуълаи меҳр ба донишро меафрӯзанд ва онҳоро дар руҳияи хештаншиносию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ тарбият менамоянд. Бовар дорам, ки минбаъд фаъолияти устодони арҷманди мо дар ин самт боз ҳам тақвият меёбад ва дар ин замина меҳру муҳаббати шогирдон ба дониш – ба ин сарчашмаи кулли комёбиҳо, марҳила ба марҳила меафзояд.
Дар баробари ин, зикр менамоем, ки дар назди муассисаи таълимии №30 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Гузашта аз ин, қайд менамоем, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба фарзандони оилаҳои камбизоат сару либос тақдим карда шуд.
Дар охир ёдрас менамоем, ки сокинони ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА
 

Дигар маводҳо

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • Ҷавонон

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад 1

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ 2

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 3

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия 4

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 5

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 6

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 7

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025