
Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳаммадулло Умар, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, собиқ раисони ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, собиқадорони ҳизбҳо, ҷангу меҳнат, гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони варзишии ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотии хеш баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони ноҳия зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони ноҳияро бо ин ҷашни муқаддас табрику муборакбод намуда, ба Шумо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Дар ин замина, раиси ноҳия ёдовар шуданд, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ ва падидаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, барои ҳифз, идома ва ба камоли рушд расидани он ҳамаи василаҳо ва имконоти маънавию моддӣ мавҷуд мебошад.
Инчунин, Хусрав Дамонзода қайд намуданд, ки ноҳияи Варзоб ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, дар як муддати кутоҳ дар ҳудуди он як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинон қарор ёфтаанд.
Илова бар ин, раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра симои худро дигаргун сохт ва он рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида истодааст. Дар асоси нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ айни ҳол дар ноҳияи Варзоб таъмиру бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 103 иншоот ё 65,1 фоиз иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома доранд.
Дар идома, раиси ноҳия таъкид карданд, ки Шумо ҷавонон ояндаи мо, умеду орзуи мо ва идомабахшандагони анъанаҳои неки ватандӯстиву ватанпарварии миллати тоҷик, номбардорони арзандаи ниёгони сарбаланд ва наслҳои имрӯза ҳастед.
Мавсуф, ёдовар шуданд, ки боиси зикр аст, ки варзишгарони ноҳияи Варзоб дар ҳамин давра дар 13 мусобиқаҳои минтақавӣ, 14 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 2 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора мусобиқаҳои минтақавӣ 56 медал, (14 тилло, 17 нуқра, 25 биринҷӣ), аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 54 медал, (22 тилло, 15 нуқра, 17 биринҷӣ), чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 медал (4 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ) ва аз мусобиқаи байналмилалӣ 6 медал, (2 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷамъ варзишгарони ноҳия 123 медал, аз он 42 медали тилло, 37 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Сипас, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой баромад намуда, ҳозиринро бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбарияти олии мамлакат ва аз номи худ табрик намуда, ба нафароне, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва тараққиёту пешрафти ноҳия ҷиҳати ободонию шукуфоӣ нақши арзанда гузоштаанд изҳори сипос намуданд.
Дар ин маврид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаи мо мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа, иштироки пайваста ва саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 3-юми сентябри соли 2025, рақами 186 тасдиқ гардидааст, сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, бо ҳузури ситораҳои шинохтаи санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА






