
Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ноогоҳӣ, надоштани дониши диниву дунявӣ ва аз бемасъулиятии волидон имрӯз бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ хатарнок аст, шомил шуда истодаанд. Имрӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар истода ҷавононро гумроҳ намуда, фирефтаи доми худ мекунанд. Фаъолияти бархе сомонаҳо ба ҳамин мақсад – фирефтан ва шомилгардонии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи мо ба шумор меравад.
Дар замони муосир дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Терроризм давлат, дину мазҳаб надорад. Танҳо мехоҳад, ки ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро бо корҳои зишти худ ноором созад. Як зумра хоинони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар истода, иғвоангезӣ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат кардаанд.
Мо бояд бетараф набошем ва пеши роҳи ин масъаларо гирем, то ҷавонон фирефта нашаванд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи солими ҳаётро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекорӣ ва ба роҳи беҳуда рафтан фурсат наёбанд.
Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.
Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки вазифаи мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо, шаҳрвандони кишвар бояд ҳушëриву зиракии сиëсиро аз даст надиҳем, то фирефтаи доми ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашавем, зеро ояндаи мамлакат дар дасти ҳар яки ҷавонон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тарбияи насли наврасу ҷавон вазифаи мо калонсолон ба шумор меравад. Агар мо ҷавононро бо эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллат тарбия кунем, онҳо метавонанд дар пешрафти Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд.
Илова бар ин, пеш аз ҳама худи ҷавононро низ зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзанд.
Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоянд.
Гулизор ТАНЖИХОЛОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №16-и ноҳияи Варзоб