Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

VarMamur 25.10.2025
Тибқи барқияи ҳукуматӣ аз 31-уми майи соли 2025, №16/10-52 бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ду нақшаи кории муштараки сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар асоси амри раиси ноҳия аз 10-уми июни соли 2025, №60 «Дар бораи таъсиси гуруҳи кории ноҳиявӣ» тасдиқ гардида, давоми моҳҳои июл то декабри соли равон гузаронида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки таҳти роҳбарии муовинони раиси ноҳия вохӯриҳои судманд бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,
шуъбаҳои маориф, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Комиссияи мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Кумитаҳои маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин суханронӣ намуданд, аз он ҷумла: муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия», дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, афзалияти кор дар замин ва зарурияти рӯёнидани ду – се ҳосил дар як сол, зарурияти доштани захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ ва ғайра, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба мардум фаҳмонидани ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, ба мардум фаҳмонидани моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, ба дарки мардум расонидани моҳияти анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, хонаи бенавоеро обод кардан, дасти камбизоатонро гирифтан ва ғайра, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқоди аҳолӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ ва нақшаи кории ҳизб, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурияти идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба самъи аҳолӣ расонидани омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва роҳ надодан ба паҳнкунии маводҳои хусусияти зиддиқонунидошта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз қабили ВНМО/ БПНМ, сил, вараҷа ва нашъамандӣ, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, ғизои солим, кам хурдани маҳсулоти ғизонокии баланд, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, таблиғу ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шуд.
Зикр кардан бо маврид аст, ки баромадкунандагон зимни вохӯриҳо таъкид намуданд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд.
Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Ҳамчунин, баромадкунандагон қайд карданд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.
Илова бар ин, масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.
Дар ин замина, дар вохӯриҳо аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки ба қишри асосии кишвар-ҷавонон такя карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Баъдан аз ҷониби масъулин як нуқтаи дигар қайд гардид, ки ҳар фарди ин ҷомеа бояд дарк намояд, ки ин осудагӣ ва амонӣ ба ивази чӣ гуна муборизаҳо ба мо муяссар шудааст. Аз ин рӯ, бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар дастаҷамъона мубориза бурда, барои ҳимояи амнияти ин давлат ва сулҳу осоиштагии кишвар худро масъул дониста, фарзандону аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи дӯст доштани ин ватану ин миллат ба камол расонем.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти вохӯриҳо ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Мо зидди савдои инсонем», «Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир», «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия», «Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Русия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй» ва ғайраҳо дастрас гардид.
Орифҷон ОЛИМЗОДА
   

 

Дигар маводҳо

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • Ҷавонон

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад 1

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ 2

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 3

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия 4

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 5

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 6

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 7

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025