Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН.

VarMamur 14.11.2025
Таҷлили Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Варзоб.
Бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Раҳбари давлат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва боварӣ дошт. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат дар раванди кору пайкорашон ва хизматҳои шоёну беназирашон дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст. Бебаҳс аст, ки Пешвои миллат будани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ воқеияти бузурги таърихӣ ва талаби замони муосир аст.
Хотиррасон менамоям, ки расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор ин мақоми баландро аз ҷониби миллати тоҷик бо пуштибонии ҳамаҷониба мушарраф гардиданд.
Дар ин асно, санаи 14-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Шавкат Камолиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳаммадулло Умар, ходими давлатӣ, собиқадор Қоимдодов Қозидавлат Қоимдодович, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳияи Варзоб бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки меҳмонон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ноҳия дидан намуданд.
Дар чорабинии мазкур собиқ раисони ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотии хеш баромад намуда, иброз доштанд, ки 16-уми ноябр аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз дар ин рӯз бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир дорад. Чунончи дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ба ин муносибат, бо камоли самимият ва эҳтироми бепоён фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣро ба кулли ҳамватанони азиз, бахусус сокинони сарбаланди ноҳияи Варзоб ва ба Шумо иштирокчиён табрику таҳният мегӯям.
Дар ин замина, раиси ноҳия ёдовар шуданд, ки хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии худро шинохтаву ин роҳи босуботро ба сӯи фардои пур аз ормону мақсуд ҳамчун шоҳроҳи муроду матлаб интихоб намуд.
Бо ҳамин тартиб оид ба фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, суханронӣ намуданд:
— ходими давлатӣ, собиқадор Қоимдодов Қозидавлат Қоимдодович суханронӣ намуда, ёдовар шуданд, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ танҳо ӯ тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатбору фоҷиабори кишвар сарҷамъ орад, ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон ба Ватан бо суханҳои самимиву лутфу меҳрубонӣ пиру барноро ба Ватан хонад. Фаромӯшии ин рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Танҳо ҷасорату ғайрати Эмомалӣ Раҳмон расид, ки ин ҳама бори масъулиятро бар душ бигирад ва манфиати ҳамватанон ва кишварро аз ҳама болотар гузорад.
— ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло баромад намуда, иброз доштанд, ки дар он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як фарди миллати тоҷик фурӯзон карданд. Талоши шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон асту мардум аз доштани чунин Роҳбари фидокору барқароркунандаи сулҳу субот мефахранд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, бо ҳузури ситораҳои шинохтаи санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Ёдрас менамоем, ки дар рафти чорабинӣ аксия таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллат» гузаронида шуда, ба иштирокчиён нишони сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА

16.12.2025
Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб

14.12.2025
ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд

11.12.2025
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА 1

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА

16.12.2025
Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб 2

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб

14.12.2025
ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд 3

ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд

11.12.2025
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 4

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

08.12.2025
Мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва боздид аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ 5

Мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва боздид аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ

04.12.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид 6

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид

24.11.2025
Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026