Мусаллам аст, ки рушди давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад ва иҷрои ин вазифаи муҳим ба дӯши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус, мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи милитсия қайд намуданд, ки «Давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои кормандони мақомоти милитсия, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ва таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо, инчунин, хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва қонунияту тартиботро ҳамеша қадршиносӣ менамояд».
Хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.
Дар ин асно, санаи 10-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси суди ноҳия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар ва ёрдамчии калони прокурори ноҳия Бобозода Маҳмадниёз тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, собиқадорон ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва гуруҳи ҷавонони «Авангард» иштирок намуданд.
Сараввал, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аз ҳолати шароити шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Нахуст, дар чорабинии тантанавӣ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар сол 10-уми ноябр дар қаламрави кишвар чун Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибати нек аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли алоқамандони ин мақомоти муҳими давлатӣ ва ҳозиринро бо иди касбӣ самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, пешрафту муваффақият ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихорашон комёбиҳо орзу менамоям.
Илова бар ин, Муҳриддин Пирзода зикр намуданд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гуруҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо карданд ва имрӯз суботу оромии кишвари азизамонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.
Дар идома, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳомиёни ватанро барои саҳми бисёр арзишмандашон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар кишвар ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.
Баъдан, раиси ноҳия таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, кӣ «Кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда истодаанд».
Дар охир Хусрав Дамонзода хотиррасон намуданд, ки пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти кормандони милитсия ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ робитаи бевосита дорад. Зеро маҳз ин мақомот дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доранд ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро таъмин менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор гуруҳи ҷавонони «Авангард», собиқадорон ва кормандони милитсия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа бо медали ҷашнӣ, ифтихорномаву сипоснома ва рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳодатномаҳои хизматӣ супорида шуд.
Дар ин замима, хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дастурхони идона ороста гардида, ба собиқадорону кормандон кӯмакҳои молӣ расонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

