Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

VarMamur 14.10.2025
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз онҳо ин Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба шумор меравад.
Дар озмун ҷавонону наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанию ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод менамоянд.
Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
Ғолибони озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.
Қобили қайд аст, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар болоравии сатҳи маърифату маънавиёти мардум мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки маҳз, чунин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд. Зеро дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.
Боиси ифтихори сокинони ноҳияи Варзоб аст, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз ноҳия 10-нафар иштирок намуданд, ки аз инҳо 4-нафар сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд.
Бо ҳамин тартиб:
— НОМИНАТСИЯИ БАСТАКОРӢ: синни 18–35 сола (жанри мусиқии эстрадӣ) ғолиби ҷойи дуюм Назаров Некрӯз;
— НОМИНАТСИЯИ КОМПОЗИТОРӢ: синни 18–40 сола (жанри академӣ) ғолиби ҷойи сеюм Раҳматуллозода Сафарбек;
— НОМИНАТСИЯИ ДИЗАЙН: синни 18 – 35 сола (жанри батика, мӯд ва зебосозии либос) ғолиби ҷойи сеюм Ганҷинаи Нусратулло;
— НОМИНАТСИЯИ САРОЯНДАГӢ: синни 12 – 17 сола (жанри сарояндаи эстрадӣ) ҷойи сеюм Расулов Хушдил.
Илова бар ин, Саидова Мавҷигул, Бобоев Юсуф ва Толибов Сулаймон ҳамчун иштирокчии фаъол дар даври ҷумҳуриявӣ бо Диплом ноил гардиданд, ки ин туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина, роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иштирокчиёни озмуни мазкурро барои ноил шудан ба ин дастоварди назаррас самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно менамоянд.

Дигар маводҳо

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

15.11.2025
Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ 2

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ 3

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ 4

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид 5

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
6

15.11.2025
Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст 7

Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст

15.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025