Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЯКЕ АЗ МУҲИМТАРИН НИШОНАҲОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МО ИН КОНСТИТУТСИЯ МЕБОШАД.

VarMamur 05.11.2025
 Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин асно, санаи 5-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ва раиси суди ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло тантанаҳои идона бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти чорабинии мазкур роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», собиқадорони ҳизбҳо, ҷангу меҳнат, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
    Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри Конститутсия – иродаи давлатдории миллӣ ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар ин замина, меҳмонон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ноҳия дидан намуданд.
   Нахуст дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотӣ фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди ноҳия ва ҳозиринро табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно намуданд.
Баъдан, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки яке аз муҳимтарин нишонаҳои давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсия мебошад, ки Тоҷикистони азиз расо 31 сол муқаддам ин санади олии ҳуқуқиро қабул кард. Конститутсияи мамлакат ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фарогир буда, аз беҳтарин қонунҳои асосии дунё эътироф мешавад, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар сокини кишвар аст.
   Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонанд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
   Дар идома, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо дар мавзуъи «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон» баромад намуда, хотиррасон намуданд, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Инчунин, Конститутсия — давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
   Сипас, раиси суди ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар мавзуъи «Конститутсия — кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад намуданд. Аз он ҷумла зимни баромад таъкид карданд, ки мо 31-солагии қабули Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшида, муносибату робитаҳои дуҷониба ва гуногунҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад, мавқеи хешро дар ҳалли масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ устувортар кардааст. Дар ин замина, Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати роҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард.
   Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки дар озмуни ноҳиявии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
   Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • Кишоварзӣ
  • Маориф
  • Сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ
  • Сайёҳӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ 1

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 2

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026 3

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 4

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 5

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 6

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 7

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026