
Омӯзгорони арҷманд!
Падару модарони иззатманд!
Бо меҳру муҳабати самимӣ Шумоёнро ба фарорасии соли таҳсили 2025-2026 табрику таҳният намуда, дар ҷодаи тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқати миллӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва дӯстдоштани ин сарзамини бостонӣ барори кор ва эҷодҳои навинро баҳри ташаккул додани шахсияти насли навраси замони соҳибистиқлол комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик аст, ки дар даврони истиқлоли миллӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло меравад. Ин ҳама аз ғамхориҳои рӯзафзуни маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф паём аз он мерасонад, ки муаллим воқеан чароғи маърифати ҷомеа мебошад.
Омӯзгорони азиз!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Давлату ҳукумат ба шумо омӯзгорони азизу муътабар эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Едовар шуд, ки маориф яке аз соҳаҳои асосии рушди ҷамъият ба ҳисоб меравад, ки тақдири рушди ояндаи кишварамон ба он зич вобаста аст.
Зикр кардан бо маврид аст, ки зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишварамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар замони истиқлол вусъати тоза пайдо намудаву ҳамасола даҳҳо муассисаҳи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.
Илова бар ин, Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф такя намуда, барои рушди он чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар чунин ҳолат моро зарур аст, ки барои ҳамчун кишвари мутамаддин муаррифӣ намудани Ватани худ саҳмгузор бошем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки «Бо назардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем».
Омӯзгорони иззатманд!
Аҳли маориф бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият- донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд.
Аз ин лиҳоз, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбат ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси аҳли илму зиё ва устодони закиро дар рушду нумӯи ин кишвар, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дарку эҳсос карда, пайваста қадршиносӣ менамоем.
Хотиррасон менамоям, ки имсол мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бахусус сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб бо рӯҳияи идона, дастовардҳои назаррас ва умеду орзуҳои нек соли нави таҳсил ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Боварии комил дорам, ки аҳли маориф барои таҳкиму асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ноҳия хидмати арзанда карда, вазифаи пурифтихори худ омӯзгориро дар назди халқу Ватани азизамон ба сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек Шумоён омӯзгорони иззатманд ва фарзандони азизро бо фарорасии соли таҳсили 2025-2026 бори дигар табрик гуфта, беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва саодати рӯзгор, саломатии бардавом ва хониши хубу аълоро орзу намуда, дар роҳи иҷрои вазифаҳои муҳиму масъулиятнок, баҳри тарбияи насли навраси Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бурдбориҳои беназирро орзу менамоям.
Рӯзи дониш муборак бошад омӯзгорони иззатманд ва фарзандони азиз!