Ҳамдиёрони азиз!
Дар ибтидои фасли зебои табиат — айёми умеду орзуҳои наҷиб фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст, ба ҳар яки Шумо самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсози халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдат дар тамоми олам мебошад. Ин ҷашни фархунда ва бостонии миллиамон бо пайки накӯ ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадия меорад.
Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд.
Воқеан ҳам Наврӯзи ҳуҷастапай дар ватани азизи мо рамзи муҳаббату садоқат, эҳсону инсоният ва шукуфоии сарзамини аҷдодиамон мебошад. Боварии комил дорам, ки ин ҳама ободкориҳо моро ба самти рушду такомул раҳнамун мекунад ва зиндагии сокинони моро боз ҳам зебову рангин мегардонад.
Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад, ки аз умқи қарнҳо то ба даврони мо расида, бо хусусиятҳои хосу рамзҳои ҳакимонааш бо руҳи таърихии миллати шарафманди тоҷик пайвандии амиқу дақиқ дорад.
Сарчашмаҳои бостонӣ Наврӯзро ҳамеша бо исми «Наврӯз» ёд кардаанд ва то имрӯз дар ҳар гӯшаи олам онро бо номи тоҷиконаи «Наврӯз» мешиносанд ва истиқбол мекунанд ва эътимод доранд, ки истиқбол аз Наврӯз баракат дар кору зиндагии инсоният мебошад.
Ба Тоҷикистони азизамон боз насими баҳору қадами ҳуҷастапаи Наврӯзи Аҷам омад. Диёри зебоманзару кӯҳсори Варзоб симои худро чун арӯси сол боз ҳам зеботару дилкаштар мегардонад.
Бигзор Наврӯзи ҳуҷастапайи соли 2026 ба ҳар яки шумоён ва ба ҳар як хонаводаи тоҷикзамини куҳанбунёд соли фаровонӣ, хушбахтию хушрӯзӣ, бунёдкорию созандагӣ гардад.
Ҳамзамон, Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукуҳ таъкид намуданд: «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад».
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон, хосса расму ойинҳои наврӯзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, байни кормандону сокинони ноҳия, махсусан дар давраи омодагӣ ба Наврӯз озмунҳои мухталиф ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир карда мешавад.
Имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи ҳуҷаста бо шаҳомату шукуҳи ориёӣ истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиямонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ мубаддал гардондаем.
Зеро ба фарқ аз манотиқи дигар, расму оин, суннатҳои нек, анъанаҳо, дастурхону хӯришҳо ва базму нишоти Наврӯзӣ дар кишвари мо бештар бо асолати фарҳангӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳикмати аҳуроии Наврӯз пайвандӣ дорад.
Дар ҳақиқат, Наврӯз, ҷашнест, ки бо табиат, бо абру борону моҳу хуршеду фалак пайванд буда, бо руҳи зиндагисозу тамаддунофар ҳамоҳанг мебошад. Асолати Наврӯзро низ кирдору пиндори нек, рафтору гуфтори нек, хайру саховат, меҳнату талош, дасти мадад ба сӯи ниёзмандон ва муҳимтар аз ҳама сафо овардан ба муҳит ва риояи покию назофат мебошад, ки ин асолат бо сиришти мардуми фарҳангсозу бунёдкор ва инсонпарвару ватандӯсти мо созгор мебошад.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Истиқболи сазовор ва таҷлили хотирмони ин ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи аҷам бори дигар собит месозад, ки мардум дар ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва дӯстиву рафоқат зистанро аз ҳама ганҷи дунё болотару волотар мешуморад ва шод будану шод зистанро марому мақсади худ қарор медиҳад.
Дар баробари он хусусиятҳое, ки дар мавриди Наврӯз болотар қайд намудам, бояд илова кард, ки Наврӯз оини ҷавонмардӣ ва рамзи паҳлавонӣ маҳсуб меёбад. Дар асарҳои зиёди муҳаққиқону олимони соҳа возеҳ дарҷу собит гаштааст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бе сабқату тадбирҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию човандозӣ, роҳнавардию пойга, аспдавонӣ ва дигар навъу намудҳои варзиш тасаввур карда наметавонист.
Хотиррасон менамоем, ки фазилати дигари Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо мебошад, ки бо дуои неки собиқадорон ва пирони рӯзгордида бо пайравӣ аз иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба мубаддал намудани пойтахти азизамон ба «Шаҳри сабз» сокинони мамлакат дар хуррамгардонии Тоҷикистони азиз, дар ҳар гушаи мамалакат саҳми назаррас гузоштанд.
Илова бар ин, ёдрас менамоем, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ доир ба сабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр корҳои назаррас ба роҳ монда шудааст.
Дар фарҷом бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави миллӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯзро бароятон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Наврӯзи ҳуҷастапай муборак, ҳамдиёрони азиз!
