Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

МОДАРОН АРЗАНДАИ ҲАМАГУНА ЭҲТИРОМУ ДӮСТДОРИАНД.

VarMamur 11.03.2025

Рӯзи байналмилалии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми марти соли 2025 дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар иброз доштаанд: «Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем».

Аз ин назар, ҳамаи моро, зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.

Дар ин асно, санаи 7-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.

Ҳар сокини ноҳияи Варзоб бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Рӯзи модар ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.

Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, афсарони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия ва модарони собиқадор, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.

Нахуст дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи модарон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки мову Шумо вазифадорем шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ намуда, дар роҳи бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Баъдан Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки имрӯзҳо бонувони ноҳияи Варзоб низ дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият намуда, баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, ба комёбиҳои назаррас мушарраф гаштаанд. Ободии Варзоб аз заҳмати мову Шумо модарону хоҳарон бештар намоён мегардад.

Ҳамзамон, Дамонзода Хусрав Назаралӣ  қайд намуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтиссос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии ноҳия торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Аз ҷумла 23 фоиз хизматчиёни давлатӣ, дар соҳаҳои илму маорифи ноҳия 62 фоиз, дар соҳаи тандурустӣ 65 фоиз ва соҳаи фарҳанг 45 фоизро занон ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки таваҷљуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба мақому манзалати зан – модар аст, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд».

Дар фарҷоми суханронии худ раиси ноҳия хотиррасон намуданд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо қарори раиси ноҳияи Варзоб дар бораи сарфароз гардонидан бо «Ифтихорнома» ва «Сипосномаи»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия ва модарони собиқадор барои ноил гаштан ба дастовардҳои меҳнатӣ бахшида ба «Рӯзи модар» сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ин, хотиррасон менамоем, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тӯфаҳои хотиравӣ ба модарону бонувон тақдим гардид.

Ба ифтихори ин иди фархунда аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи Рӯзи модар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар сохторҳои дар ноҳия фаъолиятдошта, аёдати модарони собиқадор, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд.

Хулоса зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост.

 

 

Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025