Сарчашмаҳои бостонӣ Наврӯзро ҳамеша бо исми «Наврӯз» ёд кардаанд ва то имрӯз дар ҳар гӯшаи олам онро бо номи тоҷиконаи «Наврӯз» мешиносанд ва истиқбол мекунанд ва эътимод доранд, ки истиқбол аз Наврӯз баракат дар кору зиндагии инсоният мебошад.
Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди боимони мост, ки моро сари дастурхони Наврӯзӣ ба ҳам меорад. Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи файзу баракат, эҳёи табиат ва замин аст, ки ҷузъи асосии табиат буда, бо шарофати Наврӯз сабзу хуррам гардида, ризқу рӯзии бандагонро фаровон мегардонад.
Вобаста ба ин, субҳи санаи 24-уми марти соли 2026 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Наврӯз ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Камолиддинзода Шавқат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил Сайдалӣ, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтори он, раисон ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, гирандагони степендияҳои президентӣ ва гирандагони степендияҳои раиси ноҳия, сокинони ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинии идона намоиши молу маҳсулот ва дастовардҳои аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва воҳидҳои сохтори он, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, анъанаҳои неки наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони варзишгоҳи марказии ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри анъанаҳои неки наврӯзӣ ифода мекарданд овезон гардида буд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдрас намуданд, ки дар ибтидои фасли зебои табиат — айёми умеду орзуҳои наҷиб фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст, ба ҳар яки Шумо самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.
Дар ин замина, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштаанд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсози халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдат дар тамоми олам мебошад. Ин ҷашни фархунда ва бостонии миллиамон бо пайки накӯ ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадия меорад.Илова бар ин, раиси ноҳия таъкид карданд, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукуҳ таъкид намуданд: «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад».
Дар фарҷоми суханронӣ раиси ноҳия иброз андеша намуданд, ки бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави миллӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯзро бароятон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Баъдан, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Камолиддинзода Шавқат Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расониданд.

Сипас, Шавқат Камолиддинзода таъкид намуданд, ки Наврӯзи пурсаодат, пурфайзу бобаракат, дилангезу мафтункунанда ва Наврӯзи ҳуҷаставу оламафрӯз бо накҳати дилрабову пайки зиндагисозаш меҳмони сайёраи Замин гардидааст. Қудуми баҳори эъҷозҳоро ба сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро табрику муборакбод намуда, ба онҳо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи ҳуҷаста бо шаҳомату шукуҳи ориёӣ истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиямонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ мубаддал гардондаем.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бо шукуҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.









