Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи парвариши дарахтон ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид менамоянд, кӣ:
«Ҳамаи моро зарур аст, ки рӯзҳои мусоидро ҷиҳати ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари биҳиштосоямон самаранок истифода барем».
Қайд кардан бо маврид аст, ки дар ин самт Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тасдиқ гардидааст ва чунин иқдоми мазкур дар тамоми ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ зикр намуда буданд, кӣ: «Мардуми сарбаланди тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим то кунун бунёдкору созанда мебошанд, ин анъанаи неки аҷдодиро имрӯз низ идома дода, дар сарсабзу обод гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд».
Дар ин раванд, субҳи санаи 14-уми феврали соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар теппаҳои деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ мароми мост» баргузор гардид.
Дар ин маъракаи сабзухурамгардонӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои тандурустиву маориф ва фарҳанг, ходимони дин, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳияи Варзоб фаъолона иштирок карданд.
Сараввал, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо шинондани аввалин ниҳол ба маъракаи сабзкориву ободонӣ оғози расмӣ бахшида, дар баробари оғози мавсими ниҳолшинонӣ масъулонро ба вусъати маъракаи ободониву сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуда, иброз доштанд, ки шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.
Дар ин замина, дар рафти ниҳолшинонӣ Хусрав Дамонзода таъкид карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ёдовар шуданд, кӣ: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
Дар идома, раиси ноҳия ибрози назар карданд, ки бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сабзу хуррамгардонӣ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ чунин аксияҳо мунтазам гузаронида мешавад.
Дар фарҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки шукронаи оромиву осудагии кишвар, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар ин радиф, сокинони ноҳияи зебоманзари Варзоб дар ободониву сарсабзии диёрамон минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.



