22.11.2025, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва рамзи садоқату эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар доираи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз» баргузор гардид.
Чуноне ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад».
Маврид ба зикр аст, ки парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар бобати Парчами миллӣ қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст. Ин санадҳо имконияти истифодаи барҷастаи парчами давлатиро дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳо фароҳам меорад. Инчунин, арҷгузории расмӣ чун ифтихори миллӣ ва рамзи ватандории пиндоштани ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ифода мекунад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллат ва нишон аз кишвари соҳибистиқлоле дар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати комилҳуқуқе бо номи Тоҷикистон дарак медиҳад.
Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар, парафшон ва бахтовар бошад!
Орифҷон ОЛИМЗОДА


