Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Сайёҳӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

VarMamur 19.01.2026
Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигари соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар давоми 34-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд ва бо ин далел сайёҳону рӯзноманигорон дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва барои васоити ахбори оммаи кишварҳои худ хабару гузориш ва маълумотҳои хубу диданиро ба ҳадя баранд.
Дар ин замина, зикр менамоям, ки дар ноҳияи Варзоб 25 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аз он 17 ёдгориҳои бостонӣ, 8 ёдгориҳои меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ёдрас намудан бо маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадманд ва дурандеши худ тавонист дар тӯли сиву чорсоли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.
Тоҷикистони бо табиати биҳиштосо, манзараҳои дилрабо, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳим, оромию осудагӣ ва мардуми меҳмондӯсту соҳибтамаддун сол ба сол сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ ба манфиат аст. Зеро, агар аз як ҷониб бо рушди соҳа ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, ба ин васила даромади аҳолӣ зиёд шавад, аз ҷониби дигар мавқеи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ ба ҳамдигар алоқаманданд. Вақте сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф меоранд, баробари боздид аз ҷойҳои таърихӣ ва осоишӣ, инчунин аз ҳунарҳои мардумӣ огоҳӣ пайдо карда, армуғоне аз ин ҳунарҳоро харидорӣ менамоянд ва ба ин васила Тоҷикистонро дар кишвари худ тарғиб менамоянд.
Бо истифода аз тараққиёти бесобиқаи илму техника имрӯз метавон ин соҳаҳоро боз ҳам рушди бештар бахшид. Яъне, метавон бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, телевизион ва дигар воситаҳои муосири муошират тарғиби манзараҳо ва табиати нотакрор, шароити мусоиди фароҳамовардашударо дар ин самт барои ҷаҳониён тарғиб намуд. Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бештари соҳа қайд намуданд, кӣ: «Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».
Барои амалӣ шудани ин иқдомҳои наҷиб ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зурур аст, ки пеш аз ҳама ин сарзаминро чун Модар дӯст дорад ва барои ободиву ҳифзу нигоҳдории неъматҳои бебаҳои он саҳмгузор бошад.
Зикр менамоям, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид буд. Зеро, табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.
Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан бамаврид аст, ки дар ноҳияи Варзоб зиёда аз ҳазор минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 110 минтақаҳои истироҳатии оммавию мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншоотҳои муҳими сайёҳӣ ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Ёвар», «Гулобод», «Гули майда», «Навои Варзоб», «Марко Поло», «Гулдара», «Сайёҳ» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошад, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шуда, фаъолият доранд.
Илова бар ин, мувофиқи маълумотҳои расмӣ давоми соли 2025, ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб 74 ҳазору 556 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз шумораи болозикр 6970 нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд. Онҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароити мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойи кори холӣ нигаронида шудаанд.
Зикр менамоям, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид, ки зимни он Роҳбари давлат чунин иброз намуда буданд: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санаде роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар хизмат мекунад. Тавассути такмили инфрасохтор, омодасозии кадрҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ташаккули шароити ҳавасмандгардонӣ, имкониятҳои Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ афзоиш меёбанд. Ин тадбирҳо на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ, балки ба муаррифии фарҳанг, табиат ва мероси беназири кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Дар солҳои оянда, татбиқи тадбирҳои пешниҳодшуда метавонад Тоҷикистонро ба яке аз маконҳои пешбари сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад.
Ёдовар шудан бо маврид аст, ки масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи якчанд вазорату кумитаҳо гузошта шуда буд. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ниҳоди мустақил — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Хулоса, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Ёдгорзода Шоҳин Ёдгор,
муовини раиси ноҳияи Варзоб

Дигар маводҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • Кишоварзӣ
  • Маориф
  • Сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026
  • Хабарҳо
  • ЭЪЛОНҲО

ОЗМУН 2026

21.01.2026
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ 1

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 2

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026 3

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 4

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 5

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 6

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 7

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026