Таъкид менамоям, ки таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Паём пайки хушест, ки дер боз интизораш будем ва он ҳамсони як табассуми хуршед аст, ки қалбҳоро равшан карда, ҷодаҳои зиндагиро файзбахш мекунад. Аз ҷониби дигар, фарҳанги Паём дар зеҳни мо фаҳмишеро чун захира ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию маънавӣ низ ба вуҷуд меорад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, инъикоскунандаи ҳаёти воқеии мардуми тоҷик буда, аз муҳимтарин омили пешрафту тараққиёти давлати мо дар замони истиқлол ба шумор меравад.
Мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Чун маориф дар сиёсати давлатии кишвари мо ҳамчун сармояи стратегӣ ва омили калидии рушди дарозмуддати ҷомеа баррасӣ мегардад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳдидҳои идеологӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ афзоиш ёфта истодааст, маҳз донишандӯзиву рушди илми ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзун, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва тарбияи аҳлоқии ҷомеаи бавоярасидаистода метавонад суботи иҷтимоӣ, ҳувияти миллӣ, пешрафти устувори давлатро таъмин намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт зикр намуданд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Маориф яке аз соҳаҳои асосии рушди ҷамъият ба ҳисоб меравад, ки тақдири рушди ояндаи кишварамон ба он зич вобаста аст.
Хотиррасон менамоям, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон оид ба баланд бардоштани музди меҳнат чунин супориш доданд: «Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз зиёд карда шаванд».
Дар ин замина, аҳли маориф бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият — донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд.
Аз ин лиҳоз, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи худ, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси устодони закиро дар рушду нумӯи ин кишвар, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дарку эҳсос карда, пайваста қадршиносӣ менамоянд.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.
Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.
Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад».
Ҳамин тариқ соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аҳли маорифро водор месозад, ки аз ҳарвақта бештар масъулиятро ба дӯш гирифта дар ҷавоб ба ин дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат насли наврасро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва садоқ будан ба халқу миллати хеш тарбия ва омода намоянд.
Дар ҳақиқат, Паёми Роҳбари давлат барои маорифчиён ҳамчун дастури асосии корӣ ва роҳнамое баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста хоҳад буд.
Марҳабо АБДУЛЛОЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Варзоб
