Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 16-уми декабр дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардида истодааст.
Вобаста ба ин, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорону кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», имомхатибон, соҳаҳои маорифу фарҳанг бо як самимияти хоса тариқи шабакаи телевизионӣ дастаҷамъона Паёмро тамошо карда истодаанд. Зеро Паёми Пешвои миллат – барномаи амал барои фаъолияти оянда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари он ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои машаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуктаҳое дарҷ гардида истодааст, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон месозад. Махсусан, таъкидҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардида истодааст, моро водор месозад, ки бо эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем ва Ватанамонро обод созем.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири хешро гузорем. То дар оянда насли ояндадору ояндасозро тарбия намоем.
Дар баробари ин, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба масъулин дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои самаранокии фаъолияти худ ва саҳм гузоштан дар ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат нуктаҳои Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем.
Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки чунин тамошои дастаҷамъона дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб ба роҳ монда шудааст.










