Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали рушди давлату миллат аҳамияти бузург дорад. Ин Паём на танҳо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, балки роҳи дурусти зиндагӣ, эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба Ватанро барои ҳар як шаҳрванди кишвар муайян месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллат мебошад. Ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳ аст. Чунончи, Сарвари давлат иброз медоранд: «Истиқлолият барои мо неъмати бебаҳо ва кафили ҳастии давлату миллат мебошад».
Ин суханон ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро ба бедории виҷдон, садоқат ба Ватан ва хизмати софдилона ҳидоят менамоянд.
Яке аз рукнҳои муҳими ватандӯстӣ ваҳдати миллӣ мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, кӣ: «Ваҳдати миллӣ пояи устувори давлатдорӣ ва кафили пешрафти ҷомеа мебошад».
Дар ин замина ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан вакилони маҷлиси вакилони халқ вазифадор ҳастанд, ки бо рафтори намунавӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳаммулпазирӣ дар таҳкими сулҳу оромӣ саҳм гузоранд.
Дар Паём ба ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Пешвои миллат ҷавононро идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ дониста, онҳоро ба донишандӯзӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Дар ин маврид, Роҳбари давлат зикр намуданд, ки «Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, дониш ва касбомӯзӣ ояндаи давлатро бунёд намоянд».
Ин суханон ҷавононро водор месозанд, ки ба қадри сулҳу оромӣ расанд, аз таъриху фарҳанги миллати худ ифтихор намоянд ва дар рушди Ватан саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, дар Паём ба рушди маориф, илм ва фарҳанг, варзиш ҳамчун пояи худшиносии миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро миллате, ки соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд аст, ҳамеша соҳибэҳтиром ва пешрафта мемонад.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки
«Насли ҷавон бояд бо забон, таърих ва арзишҳои миллӣ ифтихор кунад ва онҳоро ҳифз намояд».
Паёми Пешвои миллат мактаби воқеии ватандӯстӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба меҳнати ҳалол, эҳсоси масъулият, ҳифзи истиқлолият ва ободии Ватан раҳнамоӣ мекунад. Амалӣ гардидани ҳадафҳо ва дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардум хоҳад буд.
Раҷабалӣ ТУРСУНЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
