Шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунии ноҳия кӯмакҳои молӣ расонида шуд, ки дар рафти он раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси ноҳия ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ҳозиринро табрику таҳният гуфта, зимни суҳбат қайд карданд, ки ин ҳама корҳои хайр дар пайравӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки Хусрав Назаралӣ зимни расонидани кӯмак таъкид доштанд, ки мо ҳамагон шукронаи ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофии Роҳбари давлат сарҷамъ бошем. Бигзор соли 2026 соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардум бошад.
Дар баробари ин, кормандону сокинон барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва шахсони хайрхоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки мо ҳеҷ гоҳ ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро фаромӯш нахоҳем кард ва дар оянда барои пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзандаи худро мегузорем.



