Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён 16.01.2025 13.00 шаҳри Душанбе

VarMamur 17.01.2025

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем.

Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми музокирот як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду ҷонибро такмил медиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро баланд арзёбӣ мекунад.

Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда барои идомаи густариши  робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Мо ҷонибдории худро аз идомаи муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф иброз доштем.

Кишвари мо аз густариши равобити байнипарлумонӣ, табодули сафарҳои расмии роҳбарони парлумонҳои ду кишвари дӯст ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори ризоият намуд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои дорои авлавият дар муносибатҳои дуҷонибаи мо маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муомилоти тиҷоратии дуҷониба суръати тоза пайдо карда, соли гузашта ба зиёда аз панҷоҳ фоиз афзоиш ёфт.

Зимнан, тақвияти фаъолияти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, Шӯро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон зарурати саъю талоши бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишварро дар татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-и мелодӣ ва Нақшаи роҳи он зикр кард.

Мо алоқамандии худро ба рушди ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз доштем.

Дар ин замина истифодаи васеъ аз имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон   ба манфиати ҷонибҳо дониста шуд.

Ҷониби мо, инчунин, аз зарфиятҳои фаровони бахшҳои  саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, фанноварӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ёдовар шуд.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар баргузор гардид.

Дар чорчӯби он чонибҳо 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд, ки худ боз як нишонаи мавҷуд будани имкониятҳои фарох барои ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони мо дар самтҳои мазкур мебошад.

Кишвари мо ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика ва зарурати роҳандозии иқдомҳои муассир дар ин ҷода таъкид кард.

Дар рафти музокирот   ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид.

Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид  қарор гирифт.

Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт.

Ҷониби мо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, дар  бахшҳои   боғпарварӣ, таъсиси ниҳолхонаҳо ва истифодаи технологияҳои муосири обёриро ба нафъи кор донист.

Зимни истиқбол аз лағви низоми раводид байни ду кишвар, нақши таъсиргузори ин иқдом ба рушди соҳаи гардишгарӣ зикр гардид.

Мо зарурати ҳамкории боз ҳам бештарро дар соҳаи тиб, бахусус, рушди бахши дорусозии муштарак ва бозомӯзии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ кардем.

Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд.

Бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аҳаммияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо зуҳуроти  терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи маводи мухаддир  ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои сойберӣ  ба манфиати ду кишвар ва минтақа маънидод гардид.

Мо аҳаммияти ҳамоҳангиҳои муштаракро барои расонидани кумакҳои мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон ва мусоидат дар истиқрори сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таъкид кардем.

Ҷониби Тоҷикистон аз идомаи вазъи фоҷеабор дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ кард.

Вобаста ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати хотимаи нооромиҳо дар Ховари Миёна таъкид карда шуд.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҷонибдории худро аз татбиқи қатъномаҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба қазияи Фаластин ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бори дигар изҳор намуд.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳолат ва раванди шарикӣ бо Эрон дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори ризоият кардем.

Омодагии ҷониби худро ҷиҳати идомаи ин раванд иброз доштем.

Тоҷикистон ба кишвари дӯст барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар мавзӯи обу иқлим  сипосгузорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ, мо натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Масъуди Пизишкиёнро ҳамчун оғози марҳалаи ҷадид дар рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту бародар арзёбӣ менамоем.

Дар фарҷоми сухани худ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатмандиву комёбиҳо ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу осоиш ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯйдодҳо
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.01.2025 12.00
23
Суханронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 17.20
19
Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 15.00
19
Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович

16.01.2025 14.30
Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

16.01.2025 13.00
10
Изҳороти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 12.50
10
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 12.30
26
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 11.57
8
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат

16.01.2025 10.00
19
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон

15.01.2025 18.55
7
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

10.01.2025 18.01
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

10.01.2025 18.00
Ҳамаи хабарҳо

ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон

  • Президент
  • Салоҳият
  • Рамзҳои Президент
  • Шарҳи ҳол
  • Китобҳо
  • Филмҳо
  • Мақолаҳо
  • Ҷоизаҳо

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025