
Ҳамдиёрони азиз!
6 – ноябр мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу суботи кишвар 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зеро дар ин рӯзи соли 1994 бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида муқаррароти Конститутсияи кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем».
Ҳамдиёрони азиз!
Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти ояндаи кишварро муайян сохта, дар радифи 10 Конститутсияи беҳтарини дунё пазируфта шудааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардидааст.
Конститутсия – давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Дар тӯли 30 сол рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ такмил ёфта, барои мустаҳкам гардидани Истиқлолияти воқеии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Тоҷикистонро ба ҳайси қонуни асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ хуб арзёбӣ намудаанд.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Мо Рӯзи Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшида, муносибату робитаҳои дуҷониба ва гуногунҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад, мавқеи хешро дар ҳалли масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ устувортар кардааст. Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати роҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард. Эҳтироми Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар яки мову Шумо мебошад, зеро дар ин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз асос гузошта шудааст.
Ин санади тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардид.
Соли 2024 барои мардуми шарифи кишварамон, бахусус сокинони ноҳияи Варзоб соли таърихӣ арзёбӣ мегардад. Чункӣ санаҳои бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда ва хуби меҳнатӣ истиқбол мегирем.
Бо чунин ният ва орзуҳои нек, тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳоятонро таманно дорам.