Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Тартиби овоздиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия

VarMamur 17.02.2025

Тартиби овоздиҳӣ:

Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот давраи хеле масъул буда, аз соати 6 ⁰⁰ то 20 ⁰⁰ баргузор мешавад. Комиссияи ҳавзавии интихобот вақту ҷои овоздиҳиро ба интихобкунандагон камаш 10 рӯз пеш аз баргузории интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиҷаҳои дигари доимӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рӯйихатшуда овоз дода бошанд тамом шуда эълон намояд.

Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуҷра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинҳонӣ таҷҳизонида, ҷои додани бюллетенҳои интихобот муайян карда, қуттиҳои интихобот гузошта шудаанд. Қуттиҳои интихобот тавре гузошта мешаванд, ки ҳангоми наздашон омадани овоздиҳандагон бояд ҳатман аз ҳуҷра ва хонаҳои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд. Комиссияи участкавии интихобот барои ташкили овоздиҳӣ, махфи доштани изҳори иродаи интихобкунандагон таҷҳизондидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошанд.

Раиси комиссияи интихоботӣ рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ дар ҳузури ҳамаи аъзои комиссия қуттиҳои интихоботро аз назар гузаронида, онҳоро муҳр мезанад. Ҳар интихобкунанда шахсан худаш овоз медиҳад. Ба ҷойи шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси рӯйихати интихобкунандагони участкаи интихобот баъди нишон додани шиноснома ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда бюллетени интихоботӣ гирифта, дар рӯйихати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад.

Овоздиҳанда бюллетени интихоботиро дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ пинҳони пур мекунад. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз овоздиҳанда ҳозир будани шахсони дигар манъ аст. Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ ба салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ даъват кунад. Интихорбкунанда бояд фақат ба тарафдории як номзад ва ба як ҳизби сиёсӣ овоз диҳад. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холи, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ё ҳизби сиёсие, ки ба тарафдориашон овоз медиҳад, аломати ҷамъ “+” мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва рӯйихати ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатрҳои “муқобили ҳамаи номзадҳо” ва муқобили рӯйихати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ” аломати ҷамъ “+” мегузорад. Дар ҳоле, ки агар интихобкунанда дар вақти пур кардани бюллетен ба хатогӣ роҳ диҳад, вай метавонад аз аъзои комиссия, ки ба ӯ бюллетенро додааст, хоҳиш намояд, ки барояш бюллетени нав диҳад. Аъзои комиссия ба вай бюллетени нав дода, дар ин бора ба рӯйихати интихобкунандагон қайди дахлдор мегузорад. Бюллетени вайроншуда дар асоси санад аз ҳисоб бароварда мешавад. Овоздиҳанда баъди пур кардани бюллетен онро ба қуттии овоздиҳӣ мепартояд.

Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боеътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйихати интихобкунандагон қайд карда мешавад.

Интихобкунандае, ки бо ягон сабаб ба рӯйихати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсияти онҳоро тасдиқ менамояд, ба замимаи руйихати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.

Дар ҳоле, ки узви комиссияи интихобот, мушоҳидон ва шахсони дигар ба кори комиссияи интихобот халал расониданӣ шаванд ё ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат кунанд, ҳамчунин ба овоздиҳии пинҳонӣ халал расонидани шаванд, дар ин маврид узви комиссия фавран аз иштирок дар кори комиссия дур карда шуда, шахсони дигар аз бинои овоздиҳӣ хориҷ карда мешаванд. Дар ин бора комиссия қарори дахлдор мебарорад ва ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ин шахсон муроҷиат намояд.

 

Натиҷаи интихобот:

Ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда фавран баъд аз хатми овоздиҳӣ шуруъ шуда, бе танаффус то муқарар намудани натиҷаи овоздиҳӣ идома меёбад.

Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод бюллетенҳои истифоданашударо шумурда, аз ҳисоб мебароранд. Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад. Шумораи ин бюллетенҳо эълон мегардад ва ба протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дохил карда мешавад. Баъд раиси комиссияи участкавии интихобот дурустии муҳри қуттиҳои овоздиҳии сайёрро месанҷад ва ба аъзои комиссияи участкавии интихобот имкон медиҳад, ки онҳо низ ба дуруст будани муҳр боварӣ ҳосил намоянд ва қуттии овоздиҳии сайёрро мекушоянд.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои интихоботро ҳисоб мекунанд ва мувофиқи сатрҳои протокол оиди ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ шумораи дахлдорро ба он дохил менамоянд.

Ҳисобкунии бевоситаи овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки ба он аъзои комиссияи интихобот дастрасӣ доранд, гузаронида мешавад. Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест. Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳангоми ҳисобкунии овозҳо фаъолияти аъзои комиссия бояд ба ҳозирин аён бошад.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бюллетенҳои ба тарафдории ҳар номзад, ҳар ҳизби сиёсӣ овоздодашударо ҷудо мекунанд ва дар айни замон бюллетенҳои шаклашон ғайримуқаррарию беэътиборро алоҳида мегузоранд. Баъд аз ин овозҳои интихобкунандагон, вакилони интихобкунанда аз рӯи бюллетенҳои шаклашон муқаррарӣ оид ба ҳар номзад, ҳар ҳизбӣ сиёсӣ ҳисоб карда мешаванд.

Бюллетенҳои беэътибор алоҳида ҳисоб ва ҷамъ карда мешаванд. Бюллетенҳои беэътибор бюллетенҳое ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо зиёда аз як ҳизби сиёсӣ ё ҳамаи номзадҳо ё ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ монда шудааст, ҳамчунин бюллетенҳое, ки аз рӯи онҳо изҳори иродаи интихобкунанда, вакилони интихобкунандаро муайян кардан мумкин нест. Агар оиди беэтибор донистани бюллетен шубҳа пайдо шавад, комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ин масъаларо бо роҳи овоздиҳӣ ҳал намуда, дар ақиби бюлеетен сабаби беэътибор дониста шудани онро нишон медиҳад.

Аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот ба сатри протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ шумораи бюллетенҳои шаклашон муқаррариро, ки аз қуттиҳои овоздиҳӣ баромадаанд, зикр менамоянд.

Протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ду нусха бо қалами худкори рангӣ тартиб дода шуда, ба он раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои ҳозирбудаи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот бо зикри сана, вақт, имзо ва муҳр мегузоранд.

Протокол ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошанд. Ҳангоми имзои протокол аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот, ки бо мазмуни протокол розӣ нестанд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро ба протокол замима намоянд ва дар ин бора дар протокол ишораи дахлдор гузошта мешавад.

Нусхаи якуми протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ баъди имзо ва муҳр гардонидани он якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба шумули бюллетенҳои интихобот, шикоятҳо (аризаҳо), қарорҳои доир ба онҳо қабулшуда ва санадҳое, ки аз тарафи комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот тартиб дода шудаанд, фавран ба комиссияи болоии интихобот фиристода мешаванд.

Нусхаи дуюми протокол, ҳамчунин муҳри комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар дасти котиби комиссия то ба охир расидани фаъолияти комиссия нигоҳ дошта мешавад.

Нусхаҳои тасдиқшудаи протокол дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ аз ҷониби раис ё котиб ба ҳама аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот шинос карда шуда, дарҳол нусхаи он ба муҳлати се шабонарӯз ба девори бинои овоздиҳӣ овехта мешавад.

Муайян намудани натиҷаи интихоботи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия.

Натиҷаи ҳисоби овозҳо дар маҷлиси комиссияи ҳавзавии интихобот баррасӣ гардида, ба протокол дохил карда мешавад, ки ба он раис, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд. Он номзаде ба вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирифтааст, интихобшуда дониста мешавад.

Натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихобот дар маҷлиси ҳавзавии интихобот муқаррар гардида, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз ҷониби раис, котиб ва аъзои комиссия ба имзо расида, ба комиссияи дахлдори интихоботии вилоят, шаҳр ва ноҳия фиристода мешавад.

Комиссияи интихоботии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз натиҷаи ниҳоии интихобот дар ҳавзаи интихоботии дахлдор ба Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Комиссияи дахлдори интихобот дар бораи натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия хабар ва рӯйихати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри насаб, ном ва номи падар, вазифа, ҳизбият, ҷойи кор ва истиқомати вакил, ҳавзаи интихобот, ки ӯ интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад.

Муайян намудани натиҷаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон:

Дар асоси пртоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳудуди худ муқаррар намуда онро фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ҳавзаи якмандатии интихобот номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки агар аз 50 фоиз зиёди овозҳои интихобкунандагони дар интихобот иштироккардаро гирифта бошад.

Интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйихат дохилшуда иштирок карда бошанд.

Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Эълон кардани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон:

 

Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.

Натиҷаи ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди ба охир расидани интихобот бо рӯйихати аъзои интихобшудаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар матбуот чоп карда мешавад.

Эзоҳ: мавод аз қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ истифода шудааст.

 

Хуршед НИЁЗОВ,

раиси участкаи интихоботи №12 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025