Ёдовар мешавем, ки санаи 26-уми марти соли 2026 гуруҳи хабарнигорони Қирғизистон барои шиносоӣ бо дастовардҳои таъриху фарҳанги ғании Тоҷикистони биҳиштосо ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба ноҳияи Варзоб ташриф оварда, аз маконҳои таърихӣ ва ҶДММ «Осоишгоҳи Сароб» дидан намуданд.
Дар оғоз меҳмононро муовинони раиси ноҳияи Варзоб бо расми хоси тоҷикона пешвоз гирифта, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроия барои ташрифашон ба ин ноҳияи зебоманзар хушомадед намуданд.
Зикр менамоем, ки саҳни осоишгоҳ намоиши молу маҳсулот ва дастовардҳои ноҳияи Варзоб, анъанаҳои неки наврӯзӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Вобаста ба ин, намояндагони васоити ахбори омма аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи омода намудаи аҳли фарҳанги ноҳия дидан намуда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Хотиррасон менамоем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва дорои ҳамрангиҳои зиёди ҷуғрофию табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, саъю кӯшиши муштарак барои роҳандозии алоқаҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар мерасанд ва ин ҳамкориҳо дар пояи эътимоди мутақобил, ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои нек бо якдигар тақвият меёбанд. Ин робитаҳои ҳамсоягӣ ва дӯстона дар асоси талоши роҳбарони давлатҳо боз ҳам мустаҳкам гардида, дар ҳаёти мардумони ҳарду кишвар пешравиҳоеро ба бор хоҳад овард.
Мавриди зикр аст, ки дӯстӣ намудан бо давлатҳои дигар ва халқҳои гуногун нишонаи якдил будан бо аҳли олам аст. Мо – халқи сарбаланди тоҷик бо Пешвои муаззами худ мефахрему менозем, чунки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстиро сармашқи кори худ намуда, бо тамоми давлату миллатҳо роҳи дӯстиву рафоқатро меъёри сиёсат қарор додаанд, бо онҳо аҳдномаи дӯстӣ бастаанд, ки ин аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буданашон гувоҳ аст.
Муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон далели он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирад ва дурандешии худ тавонистанд дубора фазои эътимодро байни ду кишвар эҳё кунанд. Ин сиёсат на танҳо барои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми минтақа муҳим аст, зеро дӯстӣ омили асосии субот, шукуфоӣ ва шарафмандии ҳар миллат мебошад.










