Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад

VarMamur 25.09.2025
Бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб нақшаи кории муштараки сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар асоси амри раиси ноҳия аз 10-уми июни соли 2025, №60 «Дар бораи таъсиси гуруҳи кории ноҳиявӣ» тасдиқ гардида, давоми моҳҳои июл то декабри соли равон ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тибқи нақшаи корӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои маориф, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, робита бо ҷомеа, дин ва танзими ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Варзоб вохӯриҳои судманд бо маром идома дорад.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ намояндагони намояндагии «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират»-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин суханронӣ намуданд, аз он ҷумла: муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия», дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, афзалияти кор дар замин ва зарурияти рӯёнидани ду – се ҳосил дар як сол, зарурияти доштани захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ ва ғайра, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, моҳияти анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, хонаи бенавоеро обод кардан, дасти камбизоатонро гирифтан ва ғайра, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқоди аҳолӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ ва нақшаи кории ҳизб, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурияти идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба самъи аҳолӣ расонидани омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва роҳ надодан ба паҳнкунии маводҳои хусусияти зиддиқонунидошта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз қабили ВНМО/ БПНМ, сил, вараҷа ва нашъамандӣ, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, ғизои солим, кам хурдани маҳсулоти ғизонокии баланд, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, таблиғу ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст.
Масъулин зимни баромад иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.
Зикр кардан бо маврид аст, ки баромадкунандагон зимни вохӯрӣ таъкид намуданд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд.
Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Дар баробари ин, дар вохӯриҳо ибрози шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯйи эътибору иқтидор бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар ба шумор рафта, бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Зеро ин Ҳизби сулҳовари миллӣ садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кулли сокинони мамлакат равона намуда, бунёдкориву созандагиро дар ҳама сатҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, қадам ба қадам барои гулгулшукуфоии Ватани азиз-Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устуворонаю дурбинона мегузорад.
Илова бар ин, баромадкунандагон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Дар ин замина, баромадкунандагон таъкид карданд, ки тавре иттилоъ доред, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.
Ҳамзамон, дар вохӯриҳо баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: “Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд”.
Дар идома, баромадкунандагон хотиррасон намуданд, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Дар вохӯриҳо, инчунин таъкид гардид, ки бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуданд, ки ҳадафи он ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, инчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии пеш аз сафари онҳо иртибот доранд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки читавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Русия риоя намоянд.
Зикр менамоем, ки дар вохӯриҳо аз тарафи масъулин ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Аз санҷиши ВНМО гузар», «Мо зидди савдои инсонем» ва «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва ғайраҳо дастрас гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.
Дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
Ҳамзамон, иловатан хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Дигар маводҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
  • Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 1

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 2

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 3

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо 4

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.10.2025
ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 5

ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

01.10.2025
ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 6

ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб

27.09.2025
Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад 7

Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад

25.09.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025