Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Вохӯрии судманд

VarMamur 07.09.2024

ВАРЗОБ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо сокинони ноҳия вобаста ба мавзуъҳои «Шарҳи хулосаҳои асосӣ ва вазифаҳои нави гузошташуда дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли 2024», «Пешгирии либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона», «Фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ворид шудан ба пойтахт» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад доир ба мулоқоти Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, пешгирии либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ворид шудан ба пойтахт, хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврасу ҷавон ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, тарғиби ақидаҳои ватандӯстона, илму фарҳанг ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гуфт,  ки дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ, афзалияти ҳуқуқу озодии инсон, риоя ва эҳтиромгузорӣ нисбат ба арзишҳои инсонӣ ва монанди ин тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ – бунёди ҷомеаи адолатпарвар, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд. Зеро маҳз фаҳмиши дурусти мазмуни қонунгузорӣ метавонад инсонро  субъекти комилҳуқуқ гардонад.


Ҳамчунин гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки «мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ буда, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».

Иброз гардид, ки ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик онро дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзааш қарор додааст. Сокинони ноҳияи Варзоб дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро дастгирӣ менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Дигар маводҳо

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
  • Хабарҳо

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ
  • Хабарҳо

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ 1

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ 2

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид 3

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
4

15.11.2025
Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст 5

Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст

15.11.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. 6

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН.

14.11.2025
14.11.2025, бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҶТ 7

14.11.2025, бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҶТ

14.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025