Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб

VarMamur 27.09.2025
Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд.
Басо фараҳбахш аст, ки 5-уми октябр шаҳрвандони Тоҷикистон дар сарнавишти худ боз як муҳимтарин руйдоди таърихӣ, яъне «Рӯзи забони давлатӣ»-ро, ки ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ дохил гардидааст, бо рӯҳияи баланди ифтихор аз давлатдорӣ, забондорӣ ва худшиносӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ ҷашн мегиранд.
Таҷлили ин санаи таърихӣ, ҷашни миллию давлатӣ барои ҳар як фарди кишвар аҳамияти басо муҳим дорад. Зеро имрӯз, ҳар яки мо, ояндаи худро бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшон мебинем ва дарк менамоем, ки ояндаи мо ба фарҳанги забондонию ватандорӣ вобастагии комил дошта, аз забон ва фарҳанги миллии модариамон сарчашма мегирад.
Дар ин асно, дар ноҳияи Варзоб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб мизи мудаввар зери унвони «Забон — рукни муҳими давлатдории миллӣ» баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қосимзода Маҳтоб Пир, мудири шуъбаи маориф Ҷафарзода Насриддин Файзулло, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Мусоева Махфират ва котиби Комиссияи мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроия Шарипов Шаҳбоз иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо чорабиниро оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иштирокчиёнии мизи мудавварро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуда, баъдан дар мавзуъи «Забон — рукни муҳими давлатдории миллӣ» баромад намуданд. Аз он ҷумла дар баромади худ иброз доштанд, ки воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад. Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, аз минбарҳои бузургу муътабари ҷаҳон забони давлатии мо садо дода, дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маҳбубият касб менамояд. Ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он шароитҳои заруриро фароҳам оварем.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи дигар мавзуъҳо баромад намуданд:
— раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир дар мавзуъи «Забон – неъмати бебаҳои миллат» баромад намуда, ёдовар шуданд, ки агар ҳазору сад сол муқаддам шоҳ Исмоили Сомонӣ дар устувор кардани пояҳои забони тоҷикӣ хидмати бузурге карда бошанд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пойдорӣ ва фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо гардидани ин забон талош меварзанд. Ҳамагон шоҳиданд ва беҳтару хубтар медонанд, ки танҳо пас аз зимоми давлатдориро ба даст гирифтан Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд, ки ба таври зарурӣ аз забони тоҷикӣ ҳимоят бикунанд ва ба як гунае аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд.
— омӯзгори фанни забон ва адабиёти гимназияи №1-и ноҳия Ҳабибуллоев Бобоҷон дар мавзуъи «Забони ман ҷаҳони ман» баромад намуда, қайд карданд, ки забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рӯйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд. Чунончи забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Ин забон дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва дар он ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.
— омӯзгори фанни забон ва адабиёти гимназияи №1-и ноҳия Расулова Замира дар мавзуъи «Забони модариам ифтихорам» баромад намуда, таъкид доштанд, ки бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд.
— омӯзгори фанни забон ва адабиёти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳия Шафиева Нилуфар дар мавзуъи «Забони — ҳастии миллат» баромад намуда, хотиррасон намуданд, ки боиси таъкид аст, ки забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоем, ки дар мизи мудаввар иштирокчиён ба музокира баромаданд.
Хулоса, пояи забони модарӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Орифҷон ОЛИМЗОДА
 

Дигар маводҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
  • Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 1

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 2

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 3

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо 4

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.10.2025
ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 5

ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

01.10.2025
ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 6

ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб

27.09.2025
Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад 7

Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад

25.09.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025