Раиси ноҳия

МУАРРИФИНОМА

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад 17 январи соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро (рӯзона) бо ихтисоси   муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст, миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ.

        Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1993 то соли 1996 ҳамчун корманди техникии шуъбаи типографии  Пажуҳишгоҳи лоиҳакашию ҷустуҷӯии “ГИИНТИЗ”, шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1996-1999-Муҳандиси бехатарӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2004 — Саркори ҶДММ “Восеъ” ноҳияи Восеъ;

Солҳои 2005-2007 -Ҷонишини директор оид ба сохтмони ҶДММ “Сарикиштӣ”, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2007-2008- Мутахассиси шуъбаи назорати техникӣ дар Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмонӣ  асосӣ”-и шаҳри Душанбе;

Солҳои 2008-2011 –Сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ дар Муассисаи давлатии “Раёсати  сохтмонӣ  асосӣ”-и шаҳри Душанбе;

Солҳои 2011-2012 Сардори бахши сохтмони назорати техникӣ дар Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмонӣ  асосӣ”-и шаҳри Душанбе;

Солҳои 2012-2017 –Сардори шуъбаи назорати техникӣ дар  Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмонӣ  асосӣ”-и   шаҳри Душанбе;

Солҳои 2017-2020 -Сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмонӣ   асосӣ”-и  шаҳри Душанбе;

Солҳои 2020-2022 Муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст;

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июли соли 2022 №415 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб” ва аз 19 орктябри соли 2022, №467 “Дар бораи раиси ноҳияи Варзоб таъин” гардида то ҳол  фаъолияти корӣ намуда истодааст.

Вазъи оилавӣ – оиладор.