БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ВА МАСЪАЛҲОИ МУБРАМИ РӮЗ
 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки санаи 24-уми декабри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вохӯрӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар баргузор гардид.
       Дар вохӯрии мазкур кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Варзоб иштирок намуданд.
       Сараввал раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар тартиби гузаронидани вохӯриро ба меҳмонон ва ҳозирин шинос намуда, баъдан рӯзномаи маҷлисро оид ба омодагӣ ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ аз 15-уми декабри соли 2020 баён гардида, шинос намуданд.
       Баъдан дар вохӯрии мазкур роҳбари гуруҳи корӣ муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло суханронӣ намуда, оид ба ҳолати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ахборот дода, диққати ҳозиринро ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва сарфаю сариштакории он ҷалб намуд. Инчунин, қайд карданд, ки масъалаҳои мазкур ба пешрафти шароити арзандаи мардум ва зиндагонии осоишта равона гардида, бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд. Мавсуф ҳамзамон зикр намуданд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарият, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони баору номуси ноҳияи Варзоб бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ баҳри боз ҳам ободу сарсабз намудани ватани азизамон, ба хусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саъю талош менамоем.
       Ҳамчунин Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло дар рафти суханрониҳои худ доир ба хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла экстремизм, терроризм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули назар намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ноҳияро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ даъват намуда, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои фарромилӣ баргузории суҳбату мулоқотҳои судмандро дар байни аҳолӣ, бахусус диндорон, ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра зарур шумориданд.
     Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, инчунин мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, оид ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
      Дар охир муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳое, ки аз тарафи роҳбари давлат, ки санаи 15-уми декабри соли равон дар машварати корӣ дарҷ гардидааст, масъалабардорӣ карда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
       Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа ва масъулони идораҳои замин, оққилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид мекунанд.
 
                                                                                                                                                                                                              Орифҷон Олимзода
                                                                                                                                                                                                              мудири бахши Хадамоти
                                                                                                                                                                                                              муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
 
 

ГУРУҲИ КОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ БО СОКИНОН КОРҲОИ ТАШВИҚОТИВУ ТАБЛИҒОТӢ ДОИР НАМУД

 
 
       Дар Ҷамоати деҳоти зидеҳи ноҳияи Варзоб бо сокинон бо усулҳои “Хона ба хона” ва “Рӯ ба рӯ” бо мақсади сарфакорона ва самараноки истифодабарии қувваи барқ, оқилона истифода бурдани замин, қоидаҳои истифодабарии санитарию эпидемиологӣ ва корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар, прокурори ноҳия Илёсзода Хайриддин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Саидзода Раҳматулло, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия Суюнов Фирӯз, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Ёдгорзода Фирдавсӣ ва раиси Ҷамоати мазкур Муҳаммадов Амрулло доир гардид.
 
       Инчунин, аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуданд.
 
 
Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Терроризм зуҳуроти нохуш

   Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст

   Эмомалӣ Раҳмон

   Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем. Истилоҳи террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарсонидан, даҳшатафканиро дорад. Айни ҳол дар дунё якчанд намудҳои он: терроризми сиёсӣ (яъне марбут ба давлат), идеологӣ (динӣ), маҳалгароӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ-гуногунандешӣ арзи вуҷуд доранд.

   Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Терроризм сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан мехоҳад. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо буда, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ ҳукуматро ба даст оранд ва идеологияи худро байни мардум мунташир созанд.

   Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Шахсоне, ки онҳо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда мафкураи ҷавонони содаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд.

   Дар забони илмӣ ва расонаҳои ахбори омма тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирад ва аз чунин гурӯҳҳо дар канор бошад. Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷоҳилон терроризмро ҷузъи дини мубини ислом мепиндоранд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд кардаанд: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.

   Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем. Ислом низ ба зоти хеш чун оини масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва дигар мазҳабҳои ҷаҳонӣ як дастоварди бузурги тамаддуни башарист. Аз ин лиҳоз, терроризм ва ифротгароиро аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо карда, ҳадафҳои сиёсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шиорҳои авомфиребона ва ғаразҳои инсонбадбинии онҳоро ошкоро баён кардан ва аз истифодаи истилоҳҳои “терроризми исломӣ”, “экстремизми исломӣ” худдорӣ намудан зарур аст”.

   Бояд ки ҷавонон ин гуфтаҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, амалҳои солеҳро ба анҷом расонанд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар, ба монанди “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24” ва ғайра, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шудааст, шомил нагарданд.

   Баъзан ифротгароӣ тафаккури шахсии инсон мебошад ва агар шахс ин тафаккурро ба дигарон бор кардан хоҳад, ин ба тундравӣ мубаддал мешавад, зеро ӯ мехоҳад бо зӯрӣ ҳам бошад, тафаккури ӯро дигарон низ эътироф кунанду аз рӯи он амал намоянд. Ӯ ба таври қатъӣ талаб мекунад, ки ҳама аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал кунанд ва тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид мекунад, ҳатто метавонад аз зӯроварӣ истифода кунад. Аз ҳама намуди паҳншуда, ин ифротгароии динӣ мебошад.

   Ифротгарони динӣ хеле зиёд мебошанд. Онҳо ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шуд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ мебошанд ва ҷавонони ба дин майлдошта бештар шомили онҳо мегарданд. Ин ҷавонон ба гуфтори онҳо, ки аз савоби шаҳидиву мавқеи биҳиштӣ сухан мегӯянд, бовар карда, ҳатто зидди волидайни хеш баромаданашон низ мумкин аст. Ифротгароёну террористон дар натиҷаи амалҳои зишти худ сабаби марги ҳазорон одамон мегарданд ва оромии мамлакатро аз байн мебаранд.

   Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.

   Мо – ҷавонони Тоҷикистон, бояд ҳамеша барои оромиву ободии кишварамон ҳаракат кунем. Ҳар як фарди ватанхоҳу меҳанпараст бояд амалҳои некро ба анҷом расонад, ба ҳамагон кӯмак кунад ва бар зидди амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм мубориза барад. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ зиндагӣ кунад.

Баҳринисо Дадоҷонова

БО МАҚСАДИ САРФАКОРОНА ВА САМАРАНОКИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚУВВАИ БАРҚ, ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН, ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ ВА ВУСЪАТ БАХШИДАН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
 
 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Амри раиси ноҳияи Варзоб аз 16-уми декабри соли 2020, № 170 дар хусуси таъсиси гуруҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар машварати корӣ аз 15-уми декабри соли 2020 ба тавсиб расида, дар мувофиқа бо роҳбари гуруҳҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия гуруҳҳои корӣ бо ҷалби сохторҳои қудратии ноҳия таъсис дода шуд.
 
       Дар гуруҳҳои корӣ роҳбарони суд, прокуратура, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, раёсатҳои маориф, молия, сардори нозироти андоз, бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони кумитаҳои маҳал, директорон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ оид ба таълим, намояндагони ҲХДТ, ҷавонон, занон ва дин ҷалб гардиданд.
 
       Ҳамчунин, гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади сарфакорона ва самараноки истифодабарии қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, оқилона истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, иштирок дар маъракаҳои кабудизоркунӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию эпидемиологӣ гардиши хонагиро ба роҳ монда, бо истифода аз шаклу усулҳои корбарӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ноҳия дар муҳлати 10 рӯз чораҳои амалии мушаххас андешида, аз натиҷааш ба раиси ноҳияи Варзоб маълумоти хаттӣ пешниҳод мегардад.
 
       Ҳаминтавр, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ дарҷ гардид, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, корҳои кишти тирамоҳӣ вусъат дода шуда, тақвияти корҳо дар самти кишти баҳорӣ ҷоннок карда шавад.
 
       Инчунин, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ маълум гардид, ки сокинони ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғдории худ самаранок истифода бурда, ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузорӣ чораандешӣ намуда истодаанд.
 
       Ҳамзамон, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони ноҳияи Варзоб дастрас гардонида, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.
 
 
Орифҷон Олимзода 
мудири бахши Хадамоти 
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб