Санаи 23-юми  март дар МТМУ-и  №2-и ба номи Қурбон Сангинии деҳаи Ғажнеи Љамоати деҳоти Варзоб-ќалъа таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовинон, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Љамоати деҳоти Варзоб-қалъа, вакилон ва собиқадорону меҳмонон баргузор гардид.

         Дар ин рӯз ба муносибати 30-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои даромадгоҳ бо ҳуҷраи посбон, майдончаи парчам, дарвозаи муассиса ва осорхонаи шодравон Қурбон Сангинӣ ба истифода дода шуд.

          Дар баробари ин, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ноҳия  вакили ноҳиявӣ Дониёр Сангинов ва дастгирии шахсони саховатманд ба даҳ оилаи ниёзманди деҳа кўмаки якдафаина дар намуди орду равған расонида шуда, беш аз 400 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба хотири  ободиву зебогии деҳа шинонида шуд. 

         Раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бо сухани ифтитоҳӣ Иди байналмилалии Наврӯзро ба сокинони деҳа табрик гуфта, иброз доштанд, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.

         Баъдан қайд намуданд, ки итминони комил дорам, ки Наврӯзи имсола барои миллати точик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад, то ҷашни пуршукӯҳу бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем. 

       Инчунин, таъкид доштанд, ки дар баробари баргузорӣ ва таҷлили љашни Наврӯз  100- солагии шодравон- иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, омӯзгор, шоир, рӯзноманигор Қурбон Сангинӣ таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки Қурбон Сангинӣ барои хизматҳои ҷангӣ ба орден, медал ва нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ гардида, муаллифи беш аз 500 асарҳои илмию оммавӣ буданд, ки барои мо сокинони ноҳия фаъолияту корнамоии ӯ боиси ифтихормандию сарфарозист.     

         Бинобар ин, ҳар вақте  ки ман ба ин деҳа сафар мекунам, эҳсос менамоям, ки сокинони он аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба зиндагии арзанда қаноатманд мебошанд ва ҳамзамон бо ин, шукр мекунанд, ки дар Ватани маҳбубамон барои кору пайкори созанда фазои орому осоишта таъмин гардидааст.

         Баъдан, набераи устоди зиндаёд Қурбон Сангинӣ- вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбари гурӯҳи вакилӣ Сангинов Дониёр суханронӣ намуда, аз кору пайкори гузаштагон, бахусус дар замони ҶБВ ба некӣ ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки  Қурбонҷон Сангинӣ баъд аз ҷанг дар муассисаҳои алоҳидаи давлатӣ кору фаъолият намуда, ба эҷоди мақолаҳои илмиву оммавӣ, ки мазмунан  саршор аз ифодаи таърихи бузуги тоҷикон, эҳтироми ватан ва ватандӯстӣ аст, машғул буданд.

         Сипас, духтари шоир Зебуниссо Сангинова зимни баромади худ    иброз доштанд, ки Наврӯз дар пиндор ва тасаввури мо на як ҷашни мардумӣ, балки чун як ҷашни бостонист. Ҷашни Наврӯз аз қадим дар сарзамини қавмҳои форсу тоҷик таҷлил мешуд ва он яке аз рамзҳои ҳастии миллати тамаддунофари мо мебошад.

         Сипас, қайд намуданд, ки барои мо фарзандони Қурбонҷон Сангинӣ боиси ифтихор мебошад, ки меҳнату заҳматҳои падарамонро сокинони деҳа, мақомоти иҷроияи ноҳия ва кишвар қадр намуда, соли 2015 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Ғажнеро ба номашон гузоштаанд.

         Инчунин, иброз доштанд, ки падари бузургворам доим аз ватандӯстиву ватандорӣ сухан намуда, моро ба ободкориву рушди кишвар ҳидоят менамуданд. 

       Ҳамчунин, дар охири сухан таъкид намуданд, ки мо фарзандони шодравон Қурбонҷон Сангинӣ барои қадрдонӣ ва пос доштани хотираи падари бузургворамон ба роҳбарияти ноҳия, сокинони деҳа ва кулли иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос менамоем.

       Дар чорабинии мазкур  хонандагони муассиса аз ашъори  Қурбон Сангинӣ шеъру сурудҳо қироат намуданд. 

       Дар охир барномаи фарҳангии наврӯзӣ бо суруду таронаҳои рангини хонандагон ва овозхони шинохтаи кишвар Қобилҷон Зарипов ба ҷамъомад   ҳусни тоза бахшид.

 ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА