САНАИ 11-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ ҶОРӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми январи соли 2021 таҳти №26/44 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз таърихи 1 то 19-уми феврали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

       Ба ин муносибат санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Варзоб баргузории нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони Кумита, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, инчунин хабарнигорони васоитҳои ахбори омма баргузор гардид.

       Сараввал муовини раиси ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир тартиби баргузории нишасти матбуотиро ба ҳозирин ва намояндагони васоити ахбори омма расонид.

       Баъдан раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки соли 2020 сокинони мамлакатамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу​ талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд. Инчунин, дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъдба пурра посухи муфассал дода, дар охир ҳамаи намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокчиён барои ширкат намуданашон миннатдорӣ баён намуданд.  

 Орифҷон Олимзода 

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб