Терроризм ватан надорад

   Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолият давлати Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим - ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.

   Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.

   Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанду тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд.

   Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд.

   Экстремистон ва террористон кӯшиш мекунанд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро онҳо  ба осонӣ ба ин гурӯҳҳо мепайванданд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлатест, ки баробари бунёди он  барпо намудани ҷаҳони ислом ва сипас,  ҳукмронӣ ба тамоми ҷаҳон мебошад.

   Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои мубориза бар зидди экстремизм барои пешгирӣ аз ин тамоюл тамоми  тадбирҳоро андешида истодааст.

   Аз ин рӯ, давлати моро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

   Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.

   Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ иброз доштанд,  дар ин вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷиабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем.

   Ҷавонони имрӯзаи мо бояд эҳсос кунанд, ки падару модар бо чи ниятҳои нек фарзандро калон мекунанд, ба вай номи нек мегузоранд, то ин  ки дар оянда онҳо номбардори падару модар бошанд. Аммо аз хунукназарӣ ва беаҳамиятии  баъзе аз оилаҳо фарзандони онҳо беназорат монда, оқибат ба ҳар  гурӯҳу ҷамъиятҳои тундгаро  шомил мешаванд, ки дар натиҷа  номи худ, падару модар ва  маҳалли худро доғдор месозанд.  

   Ҷавонони мо бояд саъй намоянд,  ки ин ватанро  ободу зебо сохта барои ояндаи худ ва наслҳои минбаъда зиндагии арзандаеро заминагузор бошанд. Муборизаи мо алайҳи экстремизму терроризм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон бояд  бошад.

   Ҷавононро месазад аз пайвастан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои заҳролуд намудани афкору андешаи мардум замина мегузоранд, худдорӣ намоянд ва аз ҷодаи зиракии сиёсиву ҳисси баланди миллию масъулияти ватандорӣ қадам гузоштанро вазифаи худ қарор диҳанд.

А. Содиқов, корманди

мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии н. Варзоб