Тибқи Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 28-солагии Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия вохўриву суҳбатҳо бо ҷавонони синни даъватӣ баргузор карда шуд.

       Ёдовар мешавем, дар Паёми Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки «Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

       Бахшида ба ин санаи таърихї 23-юми феврали соли равон дар толори Ќасри фарњанги ноњияи Варзоб бо иштироки раиси ноњияи Варзоб муњтарам Шерализода Муҳамадулло Умар ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва намояндагӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозону афсарон, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

       Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид ва пас аз садо додани суруди миллӣ, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар ёдоварӣ аз он карданд, ки «Дар қатори ҳазорон нафар афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан шаҳрвандон, ҷавонони ноҳияи Варзоб низ дар сафи Ќувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрўзҳо софдилона ва сарбаландона хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда истодаанд. Мо бо онҳо фахр менамоем ва дар иҷрои қарзу вазифаи муқаддасашон мардонагӣ, тани сиҳатро таманно дорем. Ба падару модарони афсарон ва сарбозон барои тарбияи чунин родмардони Ватан миннатдории бепоёни худро изњор менамоям».

       Ба ин муносибат бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 19-уми феврали соли 2021, №138 дар бораи сарфароз гардонидан бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан» дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.  

       Ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохта чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.

       Дар чорабинии болозикр аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якљо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони ноҳия ва меҳмонон буклетҳо дар мавзӯъҳои «Ба Ватан содиқам», «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат», «Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист», «Нашъамандӣ ва оқибатҳои он», «Бо хатарҳои глобалӣ бояд мубориза бурд»,  «Аз оворагардӣ ба донишомўзӣ», «Кўдакони худро муҳофизат менамоем» ба миқдори 1560 нусха тақсим гардид.

 

Орифҷон Олимзода

мудири бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб