МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 29-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ Санаи 7-уми сентябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб-директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Шерхон Одина ва раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Сараввал Салимзода Шерхон Одина ва Шерализода Муҳамадулло Умар сокинони ноҳияи Варзобро бахшида ба ин санаи муборк табрик намуданд. Сипас муҳтарам Салимзода Шерхон Одина аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти самарбахши меҳнатӣ Абдулфаттоҳзода Ҷовид Абдулфаттоҳ- директори филиали корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Варзоб бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин, бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 4-уми сентябри соли 2020, рақами 445 барои ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ, иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободониву созандагии ноҳия бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд. Бо эҳтиром, Олимзода Орифҷон Олим сардори бахши Хадамоти муҳоҷират-раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Варзоб