Бахши аввал: аз бемиллатии Шӯравӣ то шӯрандозҳои ҷангу наҳсии “ваҳҳобия”

То як соли дигар сӣ сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ умр ба сар мебаранд. Қабл аз он, мо дар ҳайъати кишвари абарқудрати Шӯравӣ, ба унвони як ҷумҳурии бародарӣ, арзи вуҷуд доштем ва мутобиқи ормонҳои сиёсӣ ва қавонини ҳуқуқии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, зиндагонӣ мекардем. Арзишҳои замони Шӯравӣ бо арзишҳои давраи истиқлолият муттафовит ҳастанд. Онҳо дар бисёр маврид на ин ки ба ҳамдигар монандӣ надоранд, балки аксаран муқобилмаънову мухталифу таззод маънидод мешаванд.

Дар сиёсати идеологии замони Шӯравӣ таблиғу тарвиҷи ормонҳои миллӣ, забон, адабиёт, таомулу анъанаҳо, дину оин ва фарҳангҳои маҳаллӣ, масъалаи ҳассосе буданд, ки аз ҷониби қудрати марказӣ ба он таваҷҷуҳ ва назорати махсус карда мешуд, то дар раванди глаболизатсияи умумишуравӣ нуқсоне ворид нанамояд ва дар иттиҳоди бештар аз дусаду панҷоҳ халқияту миллати гуногуни кишвар тафриқае ба бор наоварад.

Режими сотсиалистӣ, агар аз як тараф қавму қабоил, халқият ва миллатҳоро аз зулму истисмори империализм ва системаи сармоядорӣ озод намуда, ба онҳо фурсате муҳайё сохта буд, ки қомати худро рост карда, ба зиндагии орому осоишта шарафёб гарданд, сарчашмаҳои ғании неъматҳои моддиро дар дастрасии мардумон қарор дода буд, то рӯзгори серу пурбаракате насибашон гардад, аз ҷониби дигар, онҳоро оҳиста-оҳиста аз решаҳои торихии мазҳабиву фарҳангӣ ва милливу нажодиашон ҷудо месохт, то ба як “халқ”-и ҷадиди якрангу якнавохту мудерн мубаддал намояд.

Дар солҳои охири қабл аз фурӯпошӣ, дар лексикологияи замони Шӯравӣ вожаи “миллат” камрангу беаҳамият шуд, ба ҷои он истилоҳи “халқи советӣ” маъмул гардида буд. “Халқ”-е, ки аз намояндагони миллатҳои гуногун иборат аст ва решаҳои торихии миллии ягона надорад. Ба ибораи дигар, “халқе, ки миллат надорад”.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, ҳамаи ҷамоҳири тозаистиқлол маҳз дар атрофи меҳвари арзишҳои миллӣ, ҷомеасозӣ ва давлатдорӣ мекунанд. Бинобар ҳамин, бо тағйир ёфтани сохти ҷамъиятӣ, муносибатҳо ба арзишҳо мутлақо бояд дигар мешуданд ва дигар ҳам шуданд.

Меъёрҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои стратегие, ки дар замони сотсиализм баъзаи қонунӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро муайян мекарданд, ҳамчунин, моҳияти худро аз даст доданд ва фосид гардиданд. Зеро сотсиализм сохти ҷамъиятие буд, бе дину мазҳаб ва бе доштани моликияти хусусӣ. Дар он система ҳама институтҳо ва ҳама сарчашмаҳои молӣ дар ихтиёри давлат буданд.

Аммо дар системаи сармоядорӣ, ки имрӯз мо вориди он гардидаем, маҳз арзишҳои молӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ҳама чиро муайян менамоянд. Муҳимтар аз он, сектори хусусии ҷомеаи сармоядорӣ яке аз бахшҳои моҳиятан муҳими ин сохти ҷамъиятӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми кишвари абарқудрати Шӯравӣ баъди ҳаёти ҳафтодсола дар сохти ҷамъиятии бесинфи коммунистӣ, бо ҷаҳонбиниву таҷрибаи сиёсиву идеологии махсус, ки барои сохтмони ҷамъияти афсонавии “коммунизм” барномарезӣ шуда буд, ба иллати фурӯпошии нобаҳангоми як системаи қутбнамои ҷаҳонӣ, акнун бояд вориди ҷаҳони барояшон номатлуби капиталистӣ мегардиданд. Вориди дунёе магардиданд, ки то ин дам барояшон душмани мутлақ ва ҳарифи идеологиву сиёсии оштинопазир буд...

Дар оғози мақола овардани ин далелҳои торихӣ ғараз бар он аст, ки мо мехоҳем, баъди сипарӣ гардидани сӣ соли муборизаҳо ва шакл гирифтани тарзи нави мафкураву ҷаҳонбинии инсонҳо дар системаи комилан муттафовит, бори дигар ба торихи сисолаи давраи истиқлолияти кишвар назар андозем, факту далелҳо ва омилҳои сар задани воқеаҳоро аз нигоҳи илмӣ таҳлил кунем ва ба онҳо баҳои воқеиеро бидиҳем, ки то ба имрӯз аз ҷониби ҳеҷ сиёсатмадори касбиву ҳирфавии ватанӣ ин амал ба иҷро расонида нашудааст. Зеро бидуни омӯзиши асосноки илмии ториху сарнавишти худ ҳеҷ халқу миллате қодир бар он нахоҳад буд, ки дурнамои сиёсиву идеологии миллату давлати худро бе саҳву хато ва дақиқу равшан муайян намояд.

Дар тӯли солҳои дароз як саволи беҷавоб мардуми моро азият медиҳад, ки сабабгори нооромиҳо ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон киҳо буданд? Бо ибораи худи мардум, “вофчикҳо”, “юрчикҳо” ё “шурчикҳо” (шӯрандозҳо)?

Метавон ба ин савол посухи мутлақ дод, ки дар кишвари мо ҳеҷ замоне ниҳодҳои низомӣ ё сиёсие бо фаҳмиши “вофчик” ё “юрчик” мавҷуд набуданд, аммо дар мавриди мавҷудияти “шурчик”-ҳо, яъне шӯрандозҳо, ҷойи баҳс ҳам нест.

Тавзеҳи дақиқтари ин мафҳум чунин аст:

Дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта муаллифони ин мақола ҳарду дар кишвари ҳамҷавору ҳамзабону бародари Афғонистон, маҳз дар мубориза бар зидди “ваҳҳобиён”, яъне неруҳои мухолифи давлати онвақтаи Афғонистони демократӣ ширкат доштем. Мо дар вилояти Хусти ҳаммарзи Покистон ҳар ғуруб барномаи зиндаи дусоатаи родиоӣ доштем, бо исми “Ди звануна хпаравуна”. Дар ин барнома, ки бо забонҳои пашту ва дарӣ ба эфир мебаромад, мо дар самти сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва пешгирӣ аз нуфузи идеологияи мазҳабии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Покистон, ки мазҳаби расмии ваҳҳобияро доштанд, дар миёни ақвому қабоили сокини кишвари ҳамсоя корҳои идеологӣ мебурдем. Таҷрибаи чандсола нишон дод, ки сарфи назар аз кӯмакҳои беандозаву ҳангуфти моливу низомии ин кишварҳо ба муҷоҳидини афғонӣ, на мардуми Афғонистон ва на худи муҷоҳидин дар он давра ба он мазҳаби барояшон бегона таваҷҷуҳ надоштанд ва ба ормонҳои диниву мазоҳиби аслии худ содиқ монда буданд. Албатта, бо ворид гардидани Толибон ба саҳнаи сиёсии кишвар, дар даҳсолаҳои минбаъда вазъият тағйир ёфта буд.

Аммо то аввалҳои солҳои навадуми қарни гузашта ваҳҳобиён дар Афғонистон аз нигоҳи нуфуз ва интишори идеологияи мазҳабӣ ноком гардида буданд. Ба монанди коммунистҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки натавонистанд ормонҳои сиёсиву идеологии таълимоти коммунистиро бар мардуми Афғонистон таҳмил бисозанд. Қазияи фраксияҳои “Парчам” ва “Халқ”-и Ҳизби коммунисти Афғонистон, ки баъдан табиату оиннома ва барномаи амал ва ҳатто исми ҳизбро дигар намуда буд (Ҳизби Демократики Афғонистон), муборизаву даргириҳои мусаллаҳона ва кушторҳои оммавии онҳо, натиҷаи напазируфтани идеологияи коммунистӣ аз ҷониби мардуми Ағонистон буд.

Мардуми Афғонистон, ки аз замони ҷанги англис то ба имрӯз ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи кишваркушоёни аҷнабӣ қарор доранд, бо андӯхтани таҷрибаи бойи ҷангиву сиёсати идеологӣ, ба ҷойгоҳе расидаанд, ки аз ҳама кишварҳову қудратҳову системаҳои ҷаҳонӣ, сармоягузориҳову кӯмакҳои низомиву молиро дарёфт мекунанд, аммо зери бори гаравидан ба таълимоте, ё сиёсате ва ё мазҳабе намераванд. Ин хислати торихии мардуми афғон аст, ки он дар миллатҳои дигари дунё дида намешавад.

Ваҳҳобия, ки ҳамчун таълимот натавониста буд, ҷойи худро дар Афғонистон мустаҳкам намояд, дар аввали солҳои навадум дар қаламрави собиқ кишварҳои Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам наметавонист ҳузури расмӣ дошта бошад. Албатта, аз хориҷи кишвар дар ин самт кӯшишҳо карда мешуданд, вале эмиссарҳо, намояндагон ва фиристодагони таълимоти номатлуби бегона аз ҷониби мақомоти дахлдор сари вақт ифшо карда шуда ва бо онҳо корҳои профилактикиву тадбирҳои лозимии пешгирикунанда гузаронида мешуданд. Дар оғози даҳаи навадуми қарни гузашта дар кишвари мо аввалин нишонаҳои таълимоту таблиғоти сиёсатҳои идеологияи бегона пайдо шуда буданд, вале барои даст ёфтан ба нуфузи лозима ба онҳо фурсат дода намешуд. Баъзе шахсиятҳои алоҳида ба унвони фарзандони фарзона ва шаҳрвандони патриоти кишвар, ки дар ҳамон давраҳо дар мақомоти КГБ фаъолият менамуданд, бо эҳсоси баланди ватанхоҳӣ ва зиракии сиёсиву идеологӣ, пеши роҳи ин гуна падидаҳои барои халқу миллати мо номатлубро сари вақт мегирифтанд. Бештари ин кормандон то ба имрӯз дар зинаҳои гуногуни мақомоти мутазакира то сатҳи болотарин машғули фаъолият ҳастанд, ки овардани исми мубораки якояки онҳо, албатта, шарт нест.

Нуфуз пайдо кардани сиёсате ё идеологияе дар кишвари хориҷӣ даҳсолаҳо фаъолияту заҳмату сармоягузориҳои калонро тақозо мекунад. Аз ҷониби дигар, то фурӯпошии империяи Шӯравӣ маҳол буд, ки аз марзҳои бастаи фӯлодини он уштуре бо бораш вориди кишвар гардаду низом аз ин бехабар монад. Аввалин падидаҳои идеологияи мазҳабии бегона дар қаламрави Тоҷикистон даҳ сол баъди фурӯпошӣ, дар солҳои 2000-ум дар мисоли таълимоти “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ихвон-ул муслимин”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра ба таври ҷиддӣ зуҳур намуданд, ки он ҳам бо тадбири саривақтии мақомоти амнияти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар баробари роҳандозии тадбири оқилонаи руҷӯъ ба решаҳои мазҳабии худӣ ва таҷлилу бузургдошти “Соли Имоми Аъзам” (соли 2009), хунсо ва безарар гардонида шуданд...

Дар даргириҳои низомӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ваҳҳобиён ягон гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақим надоштанд ва дошта ҳам наметавонистанд. Фақат бояд ба як нукта таваҷҷуҳи махсус намуд, ки чаро ҳангоми даргириҳои низомии кишвар тарафи мазҳабиро бо вожаи “ваҳҳобӣ” номгузорӣ карданд.

Ин амал манёври тактикӣ ва барномаи идеологии аз қабл ҳисобшудаву барномарезишуда барои Афғонистон буд ва ҳар дафъа, бо садо додани вожаи “ваҳҳобӣ” ба мусалмонони он кишвар ҳушдор дода мешуд, ки аз олудагӣ бо ин мазҳаби аз нигоҳи тамаддунӣ ақибмондаи динӣ, ки муслиминро ба фазои ҷоҳилияи замони вустоӣ мекашонад, худро ҳифз намоянд.

Таҷрибаи сари қудрат омадану миллатро ба ҷаҳолат кашидани Толибон дар давраҳои пасошӯравӣ собит намуд, ки тарзи тафаккури мазҳабии ваҳҳобия, ки таълимоту ҷаҳонбинии он аз омехтаи нутфаи идеологияи амрикоӣ ва шариати ваҳҳобии арабӣ (на исломӣ) мутаввалид гардидааст, барои мусалмонони мубтало ба ин идеологияшуда чоҳи амиқест дар масире, ки инсонҳоро ба умқи ҷоҳилияи тоисломии арабӣ партоб мекунад…

Ҳангоми даргирии тарафҳои муқобил дар Тоҷикистон сиёсатмадорон ва дастандаркорони идеологии марказиву минтақавии ҳанӯз “шӯравӣ”, ки аллакай бӯйи фурӯпоширо эҳсос намуда, дар фикри манофеи идеологии халқу кишварҳои маълум уфтода буданд, ҳамон тактикаи шаблонии афғониро дар кишвари мо истифода намуда, тарафи мазҳабии сиёсатмадорони тоҷикро махсусан ва бо ғаразҳои барномарезишуда “ваҳҳобӣ” муаррифӣ менамуданд.

Ин ҳаракати тактикии сиёсӣ ба хотири раҳнамойии сиёсӣ кардан ва муайян намудани мавқеи бархӯрди кишварҳои ҳамсоя ва сиёсатҳои манфиатдор буд. Алалхусус, паёме буд ба низомиёни мустақар дар минтақаи русӣ, ки дар муқобили ин неруи бадномшудаи мазҳабӣ мавқеи саркӯбкунандаро ихтиёр намоянд…

Яъне, агар дар ҳамон замони гузариш, ки акнун ҳизбҳои сиёсии кишвар шакл мегирифтанд ва вориди сиёсат мегардиданд, азҳоби динӣ ё мазҳабӣ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ гоми возеҳтар мебардоштанд ва азми бунёди системаи идораи динии давлат ва ҳукуматро эълон мекарданд, яқин буд, ки низомиёни Русия вориди амалиёти ҳарбӣ гардида, дар як муддати муайян кишвари моро ба монанди Чеченистон харобу валангор ва мардумони зиёдро нобуд месохтанд.

Дар ҳамон давраҳои беҳокимиятиву бесарусомониҳои сиёсии кишвар, вақте ки Ватани мо муддате амалан бесоҳиб буд ва ҳеҷ гуруҳе ҷуръат намекард, қудратро дар даст бигирад, намояндагони расонаҳои ВАО ва равшанфикрони онвақта, борҳо дар пресс-конфронсҳо аз пешвои динии он замон – Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода тақозо намуда буданд, ки миллатро сарҷамъ намояд ва барои бунёди системаи исломӣ раҳнамо созад. Номбурда ин пешниҳодро мутлақо раъд менамуд ва барои тавзеи афкори худ ду далели воқеиро ёдрас мекард.

Далели аввали Тӯраҷонзода ин буд:

“Сокинини имрӯзаи кишвари мо таҳсилкардаву тарбиядидаи системаи махсуси сотсиалистӣ ҳастанд, ки дар мавриди арзишҳои диниву мазҳабӣ дониши зарурӣ ва иттилои комил надоранд. Барои бунёди системаи давлатдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз шароити лозима ва базаи кадрӣ мавҷуд нест. Созмон додани он базаи кадрӣ ҳам на кори як рӯзу ду рӯз аст. Даҳсолаҳо вақт зарур аст, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ муттахасисонро тарбия намуд, ки ҳам донишҳои ҳирфавии касбиву дунявӣ ва ҳам таҳсилоти динӣ дошта бошанд. Яъне, барои бунёди системаи нави исломӣ, насли наврасро аз синни ҳафтсола бояд ба таълиму тарбияи алтернативӣ фаро гирифт, ки иҷрои ин амал сармояву замони зиёдро мехоҳад (Ибрози ин ақидаро асос намуда, ҳарифони сиёсияш каме баъдтар номбурдаро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё гуфта бошад: “...шаҳрвандони аз ҳафтсола боло ҳамаро бояд сар зад ва нобуд сохт...”).

Далели дуввуми Тӯраҷонзода ин буд:

“Он падидаи номатлубе, ки муддатҳост, хадамоти махсус ва идеологҳои кишварҳои бадхоҳ кӯшиш карда истодаанд, мусалмонони тоҷикро, ки аксаран мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ доранд, бо гаравидан ба идеологияи ваҳҳобӣ бадном созанд, фоли хубе нест ва барои мардуми мусалмони кишвар бонги хатар аст. Яъне, агар дар мамлакат системаи диние сари қудрат биёяд, ки тамғаи бадномии “ваҳҳобӣ”-ро дорад, неруҳои абарқудрати минтақа ва дунё он давлатро ҳанӯз дар гаҳвора саркӯбу несту нобуд месозанд, ки ин барои нобудии миллат ҳам метавонад сабаб гардад…”.

Дар ин маврид каме баъдтар боз ҳам таваққуф хоҳад шуд. Аммо ин руҷӯъ ба хотире буд, ки далели аз қудрат канора ҷустани пешвоёни мазҳабии ватанӣ дар солҳои навадуми қарни гузашта маҳз аз бими расидани осеб ба онҳо аз наҳсии бадномии идеологияи “ваҳҳобия” будааст…

Барои сар задани воқеаву ходисаҳои торихиву ҳаётӣ, албатта, шахсиятҳои ҷудогона ва муносибатҳои сиёсӣ нақши мушаххас мебозанд. Вале муҳимтар аз он, сабабгори ҳар гуна тағйроти сиёсӣ дар ҷомеаи инсонӣ, пеш аз ҳама, омилҳо, сабабу нуқсонҳо ва заминаҳои ба вуҷуд омадани ҳамон ҳаводис мебошанд, ки танҳо баррасиву таҳлилу тадқиқи мантиқӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки он метавонад инсонро ба асли воқеият бирасонад.

 

(Идома дорад)