Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади дар ин айёми муаттар мардуми баиқболи тоҷик ду ҷашни бузург - Рӯзи Модар ва Наврӯзи ҷаҳониро таҷлил мекунанд. Дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда мартаба ва ҷойгоҳи махсусеро касб намудаанд.
       Ёдовар мешавем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
       Борҳо шоҳид шудаем, ки модарон аз Сарвари давлат бо қалби саршор аз эътиқоду самимияту шукргузорӣ чун аз ҷигаргӯшаи худ ном мебаранду дуову дурудаш мефиристанд, бақои давлаташро таманно мекунанд.
       Модарони тоҷик чунин абардмардҳои ба халқу Ватан содиқ ва ҷонфидоро парвардаанд, ба монанди қаҳрамонони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур.  
       Бахшида ба Рӯзи Модар, ки дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 8 март дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баъди ба тасвиб расидани фармони мазкур таҷлили ин ид дар Тоҷикистон мақоми хосса касб намуд.
       Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аёдати модарони собиқадор, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд.   
       Ба ин муносибат санаи 5 марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия ва зиёда аз 300 нафар модарону бонувон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
       Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар ёдоварӣ аз он карданд, ки бонувони ноҳияи Варзоб баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, ба комёбиҳои назаррас мушарраф гаштаанд. Ободии  Варзоб аз заҳмати мову Шумо модарону хоҳарон бештар намоён мегардад.
       Инчунин, қайд намуданд, ки пеш аз интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ҳамагӣ 29 нафар сарварзанон дар ҳудуди ноҳия фаъолият менамуданд. Имрӯз 243 нафар занони  фаъоли ноҳия дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳбар шуда дар баробари мардон фаъолият мекунанд.
       Ба ин муносибат бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 3 марти соли 2021, № 166 дар бораи сарфароз гардонидан бо "Ифтихорнома", "Сипоснома" ва "Диплом"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия, модарони собиқадор ва модарони ҷавононе, ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" барои ноил гаштан ба дастовардҳои меҳнатӣ сарфароз гардонида шуданд.
       Лозим ба ёдоварист, ки аз дар чорабинии мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба 260 нафар модарону бонувон тӯфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
       Инчунин, ба муносибати Рӯзи Модар дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб озмуни ноҳиявии "Иншои беҳтарин" дар мавзӯи "Модар фаришта буд..." эълон гардида буд, ки он ҷамъбаст гардида, 3 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
       Ба ифтихори Рӯзи модарон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳунармандони шинохта чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
       Дар ҷамъомади мазкур аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба иштирокчиён варақаи иттилоотӣ таҳти унвони "Фидои дасти дуои модар" ба миқдори 330 нусха ва аз ҷониби муассисаи давлатии ҳафтаномаи "Варзоб"  рӯзномаи "Варзоб"-ро ба миқдори 350 нусха тақсим карда шуд.
       Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост.
 
 
ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб