Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам. Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳам мисли Кабирӣ хиёнаткоред.

https://youtu.be/xlGogols01M

    Дар  ноҳияи Варзоб санаи 14-15-уми сентябр  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун  баргузор гардид. Дар озмун иштирокчиён аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона, адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ сабқат намуданд.

   Аз рӯи адабиёти бачагона  Юсупова Махфират МТМУ№2  ҷои 1, Хайруллоева Гурдофарид МТМУ№17 ҷои 2,  Сафарзода Фотима МТМУ№1 ҷои 3.

   Аз адабиёти классикӣ Тайибзода Дилафрӯз МТМУ №21 ҷои 1, Раҷабова Париноз МТМУ №46 ҷои 2, Латофати Носир МТМУ №45 ҷои 3.

   Аз адабиёти муосир Нигораи Наврӯз МТМУ №42 ҷои 1, Мавзунаи Раҳматулло МТМУ №4 ҷои 2, Шарипова Фарангиз МТМУ №2 ҷои 3.

   Аз адабиёти ҷаҳон Рабизода Миҷгона МТМУ№5 ҷои 1.

   Аз шоирӣ омӯзгор Худойназарова  Ҷамила ҷои 1-уро соҳиб шуданд.

Истиқлолият-дастоварди миллӣ

   Истиқлолияти давлатӣ қутбнамоест, ки миллати тоҷикро ба сӯи асолати миллию ҳуввияти ватандорӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ раҳсипор сохт. Қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандиро  дар зери парчами ватанпарстию ифтихори миллӣ гирд овард. Асолати миллию ҳуввияти ватандориат поянда бод,  эй миллати бостонию фарҳангпарвар. Бузургтарину волотарин неъмате, ки барои ҳар як халқу миллат муяссар мегардад, ин истиқлол аст, ки бо худ сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, оромиву осоиштагӣ ва озодиву мустақилиятро ба бор меоварад. Кишвари азизи мо, ин неъмати бебаҳо ва беҳамторо соҳиб гаштааст. Миллати тоҷик аз баракати файзи истиқлол дар фазои орому осоишта, осудаву хушҳолона ҳаёт ба сар бурда, кору фаъолият менамояд ва шукргузорӣ аз амнияту мустақилият, ободиву озодии ин диёри файзбор мекунад. Чун ин ҳама пешравиҳо сулҳу субот, амнияту истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар аввал истиқлолияти ба даст омада самараи хуб ба бор наовардааст. Баъд аз бадастомадани Истиқлолияти давлатӣ, -9-уми сентябри соли 1991 бахт ба рӯи миллати азизамон ҳанӯз нахандида буд. Маҳз бо заҳмату талош ва кӯшишу ҷонбозиҳои бемислу монанди фарзанди баруманд ва баору номуси миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоли истиқлолият ба дарахти азим табдил ёфта меваҳои ширин ба бор овард. Ин абармарди баруманд дар сарзамини аҷдодии мо сулҳу субот ва оромии воқеиро ба ивази ҷоннисорӣ ва аз худгузаштанҳо тавонист барқарор намояд.

   Истиқлолиятеро, ки барои мо болу пари озодӣ бахшидаву худмустақиливу ягонагиро эҳдо намудааст, бояд қадр намоем ва дӯстдору номбардори ин диёрамон бошем. Ҳар фарде, ки худро фарзанди меҳан медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими истиқлолияти давлатиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандии худ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад. 

Подкатегории