- Диданд: 86
ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД
- Диданд: 83
Тоҷикистон –Ватани азизи ман (1627 Икром Шарипов- ғолиби озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман”)
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020 ва қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 3-юми марти соли 2020 баргузории он эълон гардидааст аз ҳисоби омўзгорон ва шогирдони мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб дар даври ноҳиявии озмун, ки санаи 10-уми июли соли 2020 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, иштирокчиёни зерин ба даври минтақавӣ роҳ ёфтанд:
сазовори ҷойи 1-ум гардиданд:
- Азиззода Толиб- навозанда
- Раҳимзода Меҳроҷиддин – навозанда
- Шарипов Икром – сароянда
- Расулов Қурбон – сароянда
- Рахимов Бузургмеҳр – сароянда
- Шарипов Умедҷон – сароянда
Иштрокчиёни зерин сазовори ҷойи 2-юм гардиданд:
- Олимов Хайриддин – сароянда
- Раҷабов Мурод – сароянда
- Норов Ҷасур – сароянда
Ҳамаи иштирокчиёни озмун аз тарафи кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ соҳиби диплом, ифтихорнома гардида, аз ҷиҳати моддӣ низ ҳавасманд карда шуданд.
Ба аври минтақавии озмун,ки санаи 23-уми октябри соли 2020 дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор гардид иштирокчиёни зерин роҳ ёфтанд:
- Раҳимзода Меҳроҷиддин- номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ.
- Азиззода Толибҷон- номинатсияи навозандагӣ, жанри халқӣ.
- Шарипов Икром – номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ.
- Расулов Қурбоналӣ – номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ.
- Рањимов Бузургмењр – номинатсияи сарояндагӣ, жанри ананавӣ.
-Шарипов Умедљон – номинатсияи сарояндигӣ жанри эстрадӣ.
Дар асосӣ қарори ҳайати ҳакамони озмун-
Шарипов Умедҷон, Раҳимов Бузургмеҳр, Азиззода Толибҳон Расулов Қурбоналӣ – иштирокчиёни фаъоли даври мазкур дониста шуда, сазовори дипломи озмун ва тўҳфаҳои хотиравӣ гардиданд, Раҳимзода Меҳрољиддин ғолиби ҷойи 3-юм гардид, бо диплом ва маблағи пулӣ ҳавасманд карда шуд.
Шарипов Икром Рустамович ғолиби озмуни даври минтақавӣ дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ ҷойи 1-умро соҳиб гардида, сазовори диплом, мукофоти пулӣ, инчунин роҳхат ба даври финалӣ гардид.
Даври финалии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар бинои театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Шарипов Икром Рустамович - дастпарвари мактаби бачагонаи санъати ноҳия дар номинатсияи сарояндагӣ- жанри академӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд.
Шарипов Икром Рустамович соҳиби Диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ ва тўҳфаи хотиравӣ гардид. Инчунин дар чорабинии фарҳангии ноҳиявӣ бахшида ба рўзи Парчами давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон, ки санаи 23-уми ноябри соли 2020 дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ба иштирокчиёни фаъоли озмун ва ғолибон диплому тўҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи раиси ноҳияи Варзоб мӯҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Директори МБС,
Ш.Ф. Ахмедов
- Диданд: 85
Ғолибон муайян гардиданд (1619)
Бо мақсади иҷрои банди 34 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, «Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар қаламрави ноҳия озмуни ҷамоати деҳоти беҳтарин, деҳаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин ва оилаи беҳтарин эълон карда шуд, ки он Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида ғолибон муайн карда шуданд. Соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб шарафёб гардиданд.
Ҷамоати деҳоти беҳтарин
Ҷойи аввал- ҷамоати деҳоти Лучоб.
Ҷойи дуюм - ҷамоати деҳоти Чорбоғ.
Ҷойи дуюм - ҷамоати деҳоти Деҳмалик.
Ҷойи сеюм - ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.
Деҳаи беҳтарин
Ҷойи аввал - мавзеи Девдараи ҷамоати деҳоти С.Айнӣ.
Ҷойи дуюм – деҳаи Ҷангалаки ҷамоати деҳоти Чорбоғ.
Ҷойи сеюм – деҳаи Такоби ҷамоати деҳоти Деҳмалик.
Кӯчаи беҳтарин
Кӯчаи Лоиқ Шералии ҷамоати шаҳраки Такоб
Оилаи беҳтарин
Ҷойи аввал- оилаи Оев Сўҳроб аз ҷамоати деҳоти Лучоб.
Ҷойи дуюм – оилаи Ашӯров Абдурањим аз ҷамоати деҳоти Чорбоғ.
Ҷойи сеюм – оилаи Зоиров Изатулло аз ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.
- Диданд: 89
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Шерализода Муҳамадулло Умар, сардорони идораҳои қудратӣ, муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳ, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, инчунин иштирокчиёну ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар шахсони даъвати баргузор гардид.
Пас аз ироаи паёми табрикӣ раиси ноҳия М.У. Шерализода ба як қатор фаъолон, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ ва ғолибони озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ МЎҲТАРАМ ШЕРАЛИЗОДА МУҲАМАДУЛЛО УМАР БАХШИДА БА РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОЉИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва дертар Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.
Бинобарин, бо камоли самимият Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи хушманзараи Варзоб самимона табрик гуфта, бароятон муваффақияту комёбињои шоиста орзу менамоям.
Миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам аст, ки он ҳамчун рамзи озодию Истиқлол ва саодати миллӣ мебошад. Дирафши Ковиён нахуст Парчами ориёнтаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медиҳад. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери Парчам борҳо бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.
Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну мӯҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.
Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои мухими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории замони мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд; «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин парчами муқаддас меваи озодию истиқлолият, меваи созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрўз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд.
Кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» зери парафшонии Парчами давлатӣ ин як нишонаи пешравӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии саросарӣ буда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ месозад.
Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҷри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парафшонӣ намуда истодааст.
Дар ин радиф дар ноњияи Варзоб низ сохтмони Парчами давлатӣ ба баландии 30 метр дар боғи фарҳангии ноҳия оғоз гардид. Ба истифодадиҳии он дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ин рўзи фархунда самимона табрик намуда, бароятон сиҳатию саломатӣ, рўзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатӣ чун меҳру муҳаббат ба Ватанамонро орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшону ҷовидон монда, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Ватани азизу маҳбубамон бошад.
Саҳифаи 4 аз 195