http://i-somoni.tj/wp-content/uploads/2020/04/95219351_234694231179735_3896894260829487104_o-300x210.jpg

Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Ҳатто нафарони берун аз марзи меҳан ва дур аз гурӯҳи аксарияти миллии худ буда низ, ба хотири кумак ба давлату миллаташон ёрии моддию маънаии хешро дареғ намедоранд. Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Ӯзбекистонро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ кардани соҳибкори узбектабори Русия Алишер Усмонов ба маблағи 20 миллион доллари ИМА далели равшани ин гуфтаҳост.

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №2 қарор ба имзо расонид, ки матни онро дар зер манзур менамоем.

— Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.