МОДАРИ ТОҶИК ҒАМХОРТАРИН МОДАРИ ҶАҲОН АСТ

 «Мо ҳар яки шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред».

                                                                                                 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 

         Фаъолиятнокӣ, шуурнокӣ, муташаккилӣ-инҳо сифатҳое мебошанд, ки шахсияти занони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавсиф менамоянд. Мо бо орзуҳои ширин ва умедҳои рангин баҳори соли 2021-ро пешвоз гирифта, хоҳони онем, ки дар мамлакатамон доимо сулҳ ҳукумрон бошад.

         Бисёр ба маврид аст, ки суханони оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намоем: «Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои оянда боис гардидааст, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дошта азиз шуморанд».

         Худованд ба зан қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадон бошад.

          Чуноне, ки Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

          Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,   

 Аммо ба рӯзи сахтӣ, холист ҷои модар.

         Бузургон гуфтаанд, ки «Ҳеҷ кас дар зиндагонии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбад».

         Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад.  

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баромадашон ба муносибати Рӯзи модар иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».

       Модари тоҷик ғамхортарин модари ҷаҳон аст. Пас, ту бузургӣ модари тоҷик!

       Зан симои барҷастаи ҳайёт ва нерӯи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накӯҳиҳост.

         Занро беҳтарин офаридаи Худовандӣ мегӯянд.

         Ғамхорӣ дар ҳақи занон аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт занон ба комёбҳои назаррас ноил гардидаанд.

         Бале, бисёре аз занҳои имрӯзаи мо дар паи солимии оила ва ватани худ ҳастанд. Ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бисёре аз занҳои тоҷик акнун бефарқ наменигарад. Ӯ худро узви фаъол ё як тан зан аз шумораи миллиёнҳо занони сайёра меҳисобад. Акнун зани соҳиби давлату миллат аст ва пуштибони худро низ дорад.

         Модар! Оё калимае аз ин зеботар ҳаст! Дар олам аз модар дида муқаддастар мавҷудоте нест. Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҳамеша ҷӯш мезанад. Хизмати модар ҳамто надорад. Бале маҳз дуои гирои модар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем.

         Аз ин назар, ҳамаи моро, зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.

         Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст, мо дар сурате ба пирӯзиву комиёбиҳо ноил мегардем, ки ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».

         Модар! Ба зоти покат қасам, ки бузургу муқаддас ва ягонаӣ. Ту хуршедӣ.

         Ҷаҳону моҳи тобон ва шуълаафрӯзи қалбҳоӣ. Модар! Агарчи ба васфат даҳҳо асару достонҳо сароидаему ҳазорон қасру пайкораҳо обод кардаем, лек бо ин ҳама медонем ҳеҷ кори арзандае накардаем. Модар! Барои як каф дуо наздат омадаем.        

         Ба ҳамин хотир гуфтаанд, кӣ:

         Як дуои модар аз сад ганҷи Қорун қимат аст.

         Як дуои ӯ тилисме ҳаст бар садҳо зарар.

         Модар! Сафедии мӯйи сарат барои фарзандонат роҳи сафеди зиндагист, нафаси ту насимест, ки оромишро дар ҷону тони мо ҷорӣ мекунад, чеҳраи нурони ту барои мо азизу муқаддас аст, дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ аст.

         Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯз мебошанд. Навозиши дастони модар беҳтарин фароғат аст барои фарзанд, новобаста аз синну сол.

         Барои фарзандон канори модар мактаби аввалини ҳайёт аст. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.  

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баромадашон ба муносибати Рӯзи модар қайд намудаанд, кӣ: «Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд».

         Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаҳои модарон ибтидо гирифта, бо номи онҳо анҷом меёбад. Ҳар фарзанде, ки қимати модаро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.

Имрӯз бонувони мо хеле пешсафу фидокор, донишманду босубот, хирадманду фазилатпеша ва дилбанду меҳрубон ҳастанд. Агар зани имрӯзи тоҷик аз пайи меҳнату офариниш бошад, пас, ранҷи талош бесамар набошад. Зеро ҳақиқати офариниши замину осмон ин аст, ки Зан-Модар амсоли фариштаи рӯйи замин аст.

       Аз ин рӯ, ҳамаи модарон ва бонувони Тоҷикистони азизамон ва тамоми сайёраро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, хонаи ободу осуда, рӯзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям, бигузор ҳамин хел хурсанду сарбаланд бошед, модарону бонувони азиз! 

 

 Идатон муборак, модарону бонувони азиз!

 

  Олимзода Орифҷон Олим

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират-роҳбари

намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

"Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪАИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

         Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарӯза аз ҷониби гуруҳи кории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои намояндагӣ бо сокинон мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳандозӣ карда шуда астодааст.

       Ёдовар мешавем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки «Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

       Ба ин муносибат санаи 24-уми феврали соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти Варзоб-қалъа доир гардид.

       Дар вохӯрии мазкур муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия,  раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони кумитаҳои маҳал, намояндагони иттиҳодияҳои диннӣ ва сокинони Ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа иштирок намуданд.

         Сараввал муовини раиси ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб тартиби гузаронидани вохӯриро ба ҳозирин шинос намуда, аъзоёни гуруҳи кориро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Баъдан сухан ба раиси ноҳияи Варзоб дода шуд. 

         Раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021  дар замоне ироа гардид, ки мо дар арафаи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

         Баъдан қайд намуданд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид гардид, ки  соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.        

         Сипас прокурори ноҳия Илёсзода Хайриддин таъкид карданд, ки терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварро зери хатар мегузоранд.

        Баъдан иброз доштанд, ки ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусалмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст. Баръакс дар оятҳои Қуръони Маҷид ва дигар ҳадисҳо «Сухани нек гуфтан», «Ба паймони хеш вафо кардан», «Адл намудан», «Ёрӣ расонидан ба мӯҳтоҷон», «Таҳаммулпазирӣ» ва «Некукорӣ»- аз хислатҳои неки инсон пазируфта шудаанд.

        Дар вохӯрии мазкур аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба иштирокчиён ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия»,  «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд»,  «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем» ба миқдори 300 нусха тақсим гардид.

       Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар таъкид карданд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Ҳамчунин имсол ба таъсисёбии ноҳияи Варзоб 30 сол пур мешавад.

       Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ нақшаи чорабиниҳои  ноҳиявӣ  қабул гардидааст. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.

 Орифҷон Олимзода

 мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

       Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади дар ин айёми муаттар мардуми баиқболи тоҷик ду ҷашни бузург - Рӯзи Модар ва Наврӯзи ҷаҳониро таҷлил мекунанд. Дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда мартаба ва ҷойгоҳи махсусеро касб намудаанд.
       Ёдовар мешавем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
       Борҳо шоҳид шудаем, ки модарон аз Сарвари давлат бо қалби саршор аз эътиқоду самимияту шукргузорӣ чун аз ҷигаргӯшаи худ ном мебаранду дуову дурудаш мефиристанд, бақои давлаташро таманно мекунанд.
       Модарони тоҷик чунин абардмардҳои ба халқу Ватан содиқ ва ҷонфидоро парвардаанд, ба монанди қаҳрамонони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур.  
       Бахшида ба Рӯзи Модар, ки дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 8 март дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баъди ба тасвиб расидани фармони мазкур таҷлили ин ид дар Тоҷикистон мақоми хосса касб намуд.
       Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аёдати модарони собиқадор, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд.   
       Ба ин муносибат санаи 5 марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия ва зиёда аз 300 нафар модарону бонувон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
       Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар ёдоварӣ аз он карданд, ки бонувони ноҳияи Варзоб баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, ба комёбиҳои назаррас мушарраф гаштаанд. Ободии  Варзоб аз заҳмати мову Шумо модарону хоҳарон бештар намоён мегардад.
       Инчунин, қайд намуданд, ки пеш аз интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ҳамагӣ 29 нафар сарварзанон дар ҳудуди ноҳия фаъолият менамуданд. Имрӯз 243 нафар занони  фаъоли ноҳия дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳбар шуда дар баробари мардон фаъолият мекунанд.
       Ба ин муносибат бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 3 марти соли 2021, № 166 дар бораи сарфароз гардонидан бо "Ифтихорнома", "Сипоснома" ва "Диплом"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия, модарони собиқадор ва модарони ҷавононе, ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" барои ноил гаштан ба дастовардҳои меҳнатӣ сарфароз гардонида шуданд.
       Лозим ба ёдоварист, ки аз дар чорабинии мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба 260 нафар модарону бонувон тӯфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
       Инчунин, ба муносибати Рӯзи Модар дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб озмуни ноҳиявии "Иншои беҳтарин" дар мавзӯи "Модар фаришта буд..." эълон гардида буд, ки он ҷамъбаст гардида, 3 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
       Ба ифтихори Рӯзи модарон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳунармандони шинохта чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
       Дар ҷамъомади мазкур аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба иштирокчиён варақаи иттилоотӣ таҳти унвони "Фидои дасти дуои модар" ба миқдори 330 нусха ва аз ҷониби муассисаи давлатии ҳафтаномаи "Варзоб"  рӯзномаи "Варзоб"-ро ба миқдори 350 нусха тақсим карда шуд.
       Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост.
 
 
ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

       Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

       Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар яке аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем». Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд. Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

       Баъди суқути давлати абадқудрати шўравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд. Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт. Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт. Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масоҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд.

       Бояд қайд намуд, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом – хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст. Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад.Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рўзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

С.Нурматова