ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд.

Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, расонида мешавад, ки дар давраи аз 18 март то 1 майи соли 2020 воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст. Дар ин давра  муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар бе убури сарҳади давлатии он ба кишварҳои дигар тамдид карда мешавад, аз ҷумла:

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати буду боши қонуниашон дар асоси патент дар ин давра, яъне аз 18 март то 1 майи соли ҷорӣ ба охир мерасад, метавонанд бе убури сарҳади давлатӣ ба марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ(МФЦ) муроҷиат намуда, барои барасмиятдарории патент ва тамдиди он ба мўҳлати як соли дигар муроҷиат намуда, муҳлати буду боши худро тамдид намоянд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои сафари шахсӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва ғайра ба мўҳлати 3 моҳ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд дар ҷойи қайди муҳоҷиратиашон дар шуъбаҳои кор бо муҳоҷират, қайди муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
  3. Дар ин давра бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ва сохторҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Россия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани муҳлати будубош маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода нашавад.
  4. Ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли сироятёбӣ аз ин беморӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз доштани полиси суғуртаи тиббӣ барои ташхис ва табобат дар беморхонаҳои махсуси сироятии Федератсияи Россия имкон доранд.

Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, хоҳиш карда мешавад, ки дар давраи то 1 майи соли ҷорӣ қоидаҳои муқарраршударо оид ба пешгирӣ аз бемории мазкур дар ин кишвар қатъиян риоя намуда, бе зарурат аз макони зисташон берун набароянд.

Барои гирифтани маълумоти  иловагӣ  ва машварати зарурӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия ва кормандони он дар минтақаҳои ин кишвар тавассути  рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

  1. Дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия. тел.: +7 (495) 745-01-90; +7(495)967 98 44; +7(903) 597 12 13; +7 (925)123 62 04.
  1. Ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург. тел.: +7 (982)739 89 98.
  1. Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ, шаҳри Санкт – Петербург тел.:+7(967) 271 02 02.
  1. Ҳавзаи федералии Приволжье, шаҳри Уфа. тел.:+7(926) 591 51 08, +7(915) 488 32
  1. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, шаҳри Новосибирск. тел.:+7(977) 272 00 01.

Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва  Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо назардошти чораҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Россия барои мубориза бо сирояти коронавирус (Covid-19) андешида шудааст, бо фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, № 635-р аз соати 00 дақиқаи 18 марти соли 2020 то соати 00 дақиқаи 1 майи соли 2020 барои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Федератсияи Россия маҳдудияти муваққатӣ муқаррар гардидааст. Маҳдудияти мазкур аз ҷумла татбиқ мегардад:

– ба шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии мусоидат ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанон дар Федератсияи Россияро гирифтаанд;

– ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозаи истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россияро гирифтаанд, аммо дар хориҷ аз қаламрави он қарор доранд. Гувоҳномаи иқомати муваққатии қаблан додашуда, иҷозатномаи истиқомат дар Федератсияи Россия, шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёрӣ барои шахсоне, ки берун аз қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва имконияти бозгашт ба Федератсияи Россияро надоранд то ба охир расидани муҳлати шашмоҳаи иқомати берун аз Федератсияи Россия бекор карда намешаванд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми  марти  соли 2020, таҳти  №АП-1365 «Бо мақсади  амалӣ намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати  пешгирии интиқол ва  пайдоиши  сироияти нави коронавирус (СOVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»     27 марти соли 2020 таҳти   № 163 дар ноҳияи Варзоб  ситод дар ҳайати 24 нафар ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро раиси ноҳияи Варзоб мӯҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бар уҳда дорад.  Дар ҳамин асос, ситоди ноҳиявӣ вазифадор карда шуд, ки  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Варзоб «Оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати  пешгирии интиқол ва  пайдоиши  сироияти нави коронавирус (СOVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омода созад, то барои пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешида шавад.