Терроризм зуҳуроти нохуш

   Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст

   Эмомалӣ Раҳмон

   Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем. Истилоҳи террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарсонидан, даҳшатафканиро дорад. Айни ҳол дар дунё якчанд намудҳои он: терроризми сиёсӣ (яъне марбут ба давлат), идеологӣ (динӣ), маҳалгароӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ-гуногунандешӣ арзи вуҷуд доранд.

   Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Терроризм сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан мехоҳад. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо буда, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ ҳукуматро ба даст оранд ва идеологияи худро байни мардум мунташир созанд.

   Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Шахсоне, ки онҳо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда мафкураи ҷавонони содаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд.

   Дар забони илмӣ ва расонаҳои ахбори омма тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирад ва аз чунин гурӯҳҳо дар канор бошад. Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷоҳилон терроризмро ҷузъи дини мубини ислом мепиндоранд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд кардаанд: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.

   Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем. Ислом низ ба зоти хеш чун оини масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва дигар мазҳабҳои ҷаҳонӣ як дастоварди бузурги тамаддуни башарист. Аз ин лиҳоз, терроризм ва ифротгароиро аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо карда, ҳадафҳои сиёсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шиорҳои авомфиребона ва ғаразҳои инсонбадбинии онҳоро ошкоро баён кардан ва аз истифодаи истилоҳҳои “терроризми исломӣ”, “экстремизми исломӣ” худдорӣ намудан зарур аст”.

   Бояд ки ҷавонон ин гуфтаҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, амалҳои солеҳро ба анҷом расонанд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар, ба монанди “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24” ва ғайра, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шудааст, шомил нагарданд.

   Баъзан ифротгароӣ тафаккури шахсии инсон мебошад ва агар шахс ин тафаккурро ба дигарон бор кардан хоҳад, ин ба тундравӣ мубаддал мешавад, зеро ӯ мехоҳад бо зӯрӣ ҳам бошад, тафаккури ӯро дигарон низ эътироф кунанду аз рӯи он амал намоянд. Ӯ ба таври қатъӣ талаб мекунад, ки ҳама аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал кунанд ва тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид мекунад, ҳатто метавонад аз зӯроварӣ истифода кунад. Аз ҳама намуди паҳншуда, ин ифротгароии динӣ мебошад.

   Ифротгарони динӣ хеле зиёд мебошанд. Онҳо ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шуд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ мебошанд ва ҷавонони ба дин майлдошта бештар шомили онҳо мегарданд. Ин ҷавонон ба гуфтори онҳо, ки аз савоби шаҳидиву мавқеи биҳиштӣ сухан мегӯянд, бовар карда, ҳатто зидди волидайни хеш баромаданашон низ мумкин аст. Ифротгароёну террористон дар натиҷаи амалҳои зишти худ сабаби марги ҳазорон одамон мегарданд ва оромии мамлакатро аз байн мебаранд.

   Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.

   Мо – ҷавонони Тоҷикистон, бояд ҳамеша барои оромиву ободии кишварамон ҳаракат кунем. Ҳар як фарди ватанхоҳу меҳанпараст бояд амалҳои некро ба анҷом расонад, ба ҳамагон кӯмак кунад ва бар зидди амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм мубориза барад. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ зиндагӣ кунад.

Баҳринисо Дадоҷонова

БО МАҚСАДИ САРФАКОРОНА ВА САМАРАНОКИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚУВВАИ БАРҚ, ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН, ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ ВА ВУСЪАТ БАХШИДАН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
 
 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Амри раиси ноҳияи Варзоб аз 16-уми декабри соли 2020, № 170 дар хусуси таъсиси гуруҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар машварати корӣ аз 15-уми декабри соли 2020 ба тавсиб расида, дар мувофиқа бо роҳбари гуруҳҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия гуруҳҳои корӣ бо ҷалби сохторҳои қудратии ноҳия таъсис дода шуд.
 
       Дар гуруҳҳои корӣ роҳбарони суд, прокуратура, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, раёсатҳои маориф, молия, сардори нозироти андоз, бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони кумитаҳои маҳал, директорон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ оид ба таълим, намояндагони ҲХДТ, ҷавонон, занон ва дин ҷалб гардиданд.
 
       Ҳамчунин, гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади сарфакорона ва самараноки истифодабарии қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, оқилона истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, иштирок дар маъракаҳои кабудизоркунӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию эпидемиологӣ гардиши хонагиро ба роҳ монда, бо истифода аз шаклу усулҳои корбарӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ноҳия дар муҳлати 10 рӯз чораҳои амалии мушаххас андешида, аз натиҷааш ба раиси ноҳияи Варзоб маълумоти хаттӣ пешниҳод мегардад.
 
       Ҳаминтавр, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ дарҷ гардид, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, корҳои кишти тирамоҳӣ вусъат дода шуда, тақвияти корҳо дар самти кишти баҳорӣ ҷоннок карда шавад.
 
       Инчунин, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ маълум гардид, ки сокинони ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғдории худ самаранок истифода бурда, ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузорӣ чораандешӣ намуда истодаанд.
 
       Ҳамзамон, аз ҷониби гуруҳҳои корӣ муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони ноҳияи Варзоб дастрас гардонида, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад.
 
 
Орифҷон Олимзода 
мудири бахши Хадамоти 
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
 
 
СИТОДИ КОРӢ БО МАҚСАДИ САЗОВОР ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
 
 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки санаи 19-уми декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Ситоди корӣ бо иштироки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло ва раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар баргузор гардид.
 
       Дар Ситоди корӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони кумита, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, фаолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ноҳия, раисони кумитаҳои маҳал, соҳибкорон ва вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ иштирок намуданд.
 
       Сараввал раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар тартиби гузаронидани Ситод-ро ба меҳмонон ва ҳозирин шинос намуда, баъдан суханро ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло дода шуд.
 
       Баъдан муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло суханронӣ намуда, сипас миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштироки фаъолонаи сокинони ноҳияи зебоманзари Варзоб дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахусус интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, иброз доштанд, ки сокинони бо нангу ори ноҳияи Варзоб ҳамчун шаҳрвандони бомасъулияти кишвар баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдории миллии тоҷикон талош намуда, муҳимияти Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якдилиро хуб медонанд.   
 
       Сипас аз рӯи масъала дар хусуси иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Нозимзода Баҳриддин Раҳим баромад намуда, иброз доштанд, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар баробари ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2018, № 510 дар бораи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аз 14-уми ноябри соли 2018, № 418 таҳти иҷро ва роҳбарӣ қабул гардида, дар ин замина Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия таҳия ва тасдиқ гардидааст.
 
       Ҳамчунин, Баҳриддин Нозимзода қайд намуданд, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида, роҳбарони зергуруҳҳои корӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия оғоз аз соли 2018 то инҷониб вохӯриҳо доир намуда, вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ободонӣ, бунёдкориҳо, бартараф намудани камбудиву монеагиҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоии имрӯзаи аҳолии деҳот ҷой доранд ва ислоҳи онҳо давоми се сол то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудаанд, ки барои тақвият бахшидани ин раванд, идома додани вохӯриҳо дар соли 2020 бо соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ роҳбарони зергуруҳҳои корӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Варзоб вазифадор карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
 
       Инчунин, Шамсиддин Маҳкамов раиси собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия, Дониёр Сангинов раиси гуруҳи вакилони Маҷлиси вакилони халқ дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб суханронӣ намуданд.
 
       Дар охири Ситоди корӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар дар якҷоягӣ бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ки дар ҷумҳурӣ ҷои ифтихориро сазовор гардиданд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба Тайибзода Дилафрӯз хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳия дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик ва Хайруллоева Гурдофарид хонандаи синфи 1-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и Ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб дар номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик бо сипоснома ва тӯфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. 
 
 
Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРИИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки санаи 14-уми декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷаласаи гуруҳи кории ноҳиявӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 бо иштироки муовини раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Маҳтоб Қосимзода баргузор гардид.
       Дар ҷаласаи мазкур сардорони раёсат, шуъба, бахш ва раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
       Сараввал муовини раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Маҳтоб Қосимзода рӯзномаи маҷлисро ба аъзои гуруҳи корӣ шинос намуда, баъдан иброз намуданд, ки бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
       Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома иҷрои параграфи 8-и Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ) мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Орифҷон Олимзода баромад намуда, дар баромади худ қайд намуд, ки ҷиҳати пешгири шомилшавии ҷавонон, занон ба гуруҳҳои ифротӣ дар вохӯриҳои доиршуда ба ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидайни онҳо ҷиҳати доштани эҳтиром ва арҷгузорӣ ба сунатҳову арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани пӯшидани сару-либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, дарки масъулият дар тарбияи фарзанд, дар муҳоҷират бовар накардан ба ваъдаҳои холии гуруҳҳои даъваткунанда байни аҳолии ноҳия корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бурда мешавад. 
       Инчунин, иброз намуд, ки шаҳрвандони ноҳияи Варзоб пеш аз сафар ба хориҷа ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия муроҷиат намуда, оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва хатарҳои терорристю экстремистӣ машварат гиранд.
       Баъдан аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома иҷрои банди 5-и Нақшаи амал доир ба амалишавии Стратегияи мазкур (огоҳонӣ аз экстремизм ва тундгароии батерроризмбаранда дар байни ноболиғон ва ҷавонон) мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷамолидин Оев баромад карда, иброз намуд, ки бо мақсади пешгирии дастзадани наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлуб ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш дар қаламрави ноҳия толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки наврасону ҷавонон ба варзиш машғул шаванд.
       Ҳамчунин аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Хуршед Ниёзов суханронӣ намуда қайд намуд, ки барои даст назадани ҷавонону наврасон ба ин амали номатлуб дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия маҳфилҳои шоҳмот, дарсҳои кушод ва маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуд. Инчунин, байни хонандагон иншои беҳтарин дар мавзуъҳои "Терроризм ва экстремизм вабои аср", "Терроризм-хатари ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои пешгирии он", "Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ" ва ғайра гузаронида шудааст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллии ҷавонон нақши созгор хоҳад бозид.
       Дар охири ҷаласа аз тарафи муовини раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Маҳтоб Қосимзода ба аъзои гуруҳи корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
 
Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти
муҳоҷират, дар ноҳияи Варзоб