19.09.2017 Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кушишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

19.09.2017 Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки сафари имсолаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал заминаҳои наве фароҳам оварда, табодули афкори дуҷониба барои муайян кардани самтҳои авлавиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд.

Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди устувор таъсиргузор арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ба нақши Тоҷикистон аз ҷумла дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.