Намояндагони гурӯҳи наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун чодари найранг аз рӯи роҳбарияташ гирифта шудааст, симои аслии худро ба намоиш гузошта истодааст. Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки охиран дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаву хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.

Дар бахши англисии Радиои Озодӣ мусоҳибаи роҳбари фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нашр гардидааст, ки аз фаъолияти иғвоангезона ва ғаразноки ин расонаи хабарӣ шаҳодат медиҳад ва ин амали журналистони мазкурро як навъ ҳамдастӣ бо терроризм ҳисобидан мумкин аст.  Ғайр аз ин дар аввали мусоҳиба оид ба масъалаи мазкур қасдан маълумоти хато оварда шудааст.

Тибқи маълумоти масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Озодагон» аз матбааи «Аниса - 95» барои чопи нашрия ба маблағи 58270, 50 сомонӣ (панҷоҳу ҳашт ҳазору дусаду ҳафтод сомониву панҷоҳ дирам) қарздор мебошад ва то кунун шаҳодатномаи бақайдгириаш дар ҳукми фаъолият қарор дорад.

                                                             Экстрeмизм - терроризм   вабои  аср

        Фавтидани   террористи   худкуш   баъд  аз   амалиёти  террористӣ,   ташкилкунандагонро   дар   бештари  мавридҳо   пинҳон   монда,  роҳҳои  тарк  кардани   ҷойи   ҳодисаро  барои   иштирокчиён   осон   менамояд,   чунки  ин   амалҳои   худ   на  танҳо  вазифаи   муҳими   мақомот   аст,   инчунин   аз  вазифањои   мураккаби   коркарди    банақшагирии   иловагии     ташкилкунандагон   низ   ба  шумор   меравад.