Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси миллати тоҷик, дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд.
       Бо кӯшишҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллати тоҷик, Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд.
       Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву худогоҳӣ, таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
       Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
       Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳояд вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омодааст ҷонашро нисор кунад.
       Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.
       Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи тамоми минтақа низ саҳми бузург гузоштанд.
       Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
       Бахшида ба ин санаи таърихӣ 16-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
       Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.
       Сараввал дар чорабинии тантанавӣ
раиси ноҳия муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, ки аз ҷониби дигар сарварони давлатҳои абарқудрат баҳои баланд гирифта, бори дигар ба раддабандии бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон ворид шуданд. Ба ин рӯйхат 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон ворид мешаванд. Сарвари давлати Тоҷикистон бори шашум аст, ки ба ин раддабандӣ ворид мегарданд.
       Шукрона аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолии ватанамон ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар соҳаи варзиш ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо корномаҳои варзишии худ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебардоранд.
       Боиси ифтихори миллати тоҷик ва сокинони ноҳияи Варзоб аст, ки хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 деҳаи Ғажнеи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳия Самеъҷон Абдушукуров дар давлати Сербия дар чемпионати Ҷаҳон оид ба намуди гӯштини "Самбо" бо сазовор гардидани ҷои 3-юм ва гирифтани медали Биринҷӣ ноил гардид, ки ин туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашнгирии Рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии сесияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
       Ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба Самеъҷон Абдушукуров сипоснома ва туфаи хотиравӣ тақдим гардид. 
       Инчунин, дар чорабинии мазкур намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон ҳунарҳои қадимаи дастие, ки масъули дасти ҳунармандони ноҳияи Варзоб мебошанд, ба намоиш гузошта  шуд. 
     Дар қисмати тантанавии чорабинӣ намоишҳо дар хусуси корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди иштирокчиён гардида, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ чорабинии рангини фарҳангӣ доир гардид. 
       Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.
       Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяи таърих аст, ки онро бояд гиромӣ дошт.
       Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли миллати тоҷик муборак бошад!
 
Бо эҳтиром,
Олимзода Орифҷон Олим
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон
"Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб

Три российских преподавателя рассказали, почему они решились поехать в Таджикистан, чем их поразила страна и сложно ли учить таджикских школьников.

The Austrian police continue to want for possible accomplices and ideological inspirers of the Viennese shooter, reports Euronews TV channel.