Меъёри баҳогузории  ҳар шахс аз корҳои амалии он бармеояд. Сухан бемаҳдудият гуфтан ба монанди ҳолати пурнависӣ аст, ки фалокати эҷодиёти нависандаро ба бор меорад.  Ҳунари нависандагӣ, ҳаргиз варзиши тездавак нест, шӯру ҳангомаро намепазирад (А.Самадов).  

Паём.нет, ки минбари ифротзадаҳо, лаинҳо ва ватангумкардаҳост бо часпонидани акси ду шахсияти таърихӣ: Ҳошим Гадо ва Файзинисо Воҳидова дар зери сарлавҳаи Ф. Воҳидова: Шӯравӣ нисбат ба дину диндории мо ин қадар зулм намекард» ва «Зан буд бар сони гурде савор» ба таблиғи тиҷоратӣ даст зада, таваҷҷуҳи мардумро аз мусибати мардум дидаву дониста, ба сӯйи ҳангомаву хабарсозӣ бурдааст.

   Терроризм ва Ифротгароӣ ин фаъолияти иттињодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо ба воситаи ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид банақшагирии ташкил, тайёр ва амалинамоии кирдорҳое мебошад, ки барои зӯран тағйир додани асосњои сохтори конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии давлат равона карда шудааст. Фаъолияти ифротгароён барои суст  кардани амнияти давлат, ғабс намудан ва аз худ намудани ваколатҳои ҳокимиятӣ , ташкили воҳидҳои мусаллаҳӣ ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, мањалгароӣ равона карда шудааст. Ба ифротгароӣ, инчунин бетартибиҳои амалӣ ҳаракатҳои албанӣ, ки аз ангезаи идеалогӣ, сиёсӣ, бадбинии нажодӣ, миллӣ ё динӣ нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ маблағгузории фаъолиятӣ ва ҳайра дохил мешаванд, ки оқибатњои фољиабор доранд. Гарчанде аввалин гурӯҳҳои ифротгароӣ дар солҳои 70-80-уми асри ХХ ба вуҷуд омада бошанд ҳам, ташаккул ва зиёдшавии шумораи онҳо дар 10 солаи охир бештар ба назар мерасад. Асосан, дар 10-солаи охир ифротгароии динӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки дар мисоли онҳо метавонем гурӯҳи ифротии “Боку ҳамрам”-ро ном борем.

 Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарсоз мебошад.

         Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ва эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шањрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданї мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

         Маҳз бо ин роҳу восита мехоњанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

         Ќурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.