Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХ1 табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки  фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот. Ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем.

                                      Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                      Эмомалӣ Раҳмон  2015- 28 май. 

         -гурӯҳи террористӣ-шахсоне, ки ба мақсади содир намудани

 фаъолияти террористӣ муттаҳид шудаанд;

         -террорист-шахсе, ки дар анљом додани фаъолияти террористӣ дар њама гуна шакл иштирок менамояд;

Дар тамоми давлатҳои дунё ифроггарои барои инсоният як фоҷиаи мудҳишест, ки ин фоҷиа ҷомеаро њама вақт халалдор месозад. Дар ҷомеаи конунӣ дар дохили пайравони дини ислом ифротгаронии динӣ авҷ гирифта, пешгирии он мушкил гардида истодааст.

Дар асри VII дар нимҷазираи Араб Паёмбар Муњаммад (с) мардумро ба дини ислом даъват карда буд. Ин дин оҳиста-оҳиста оламгир шуд, ки дорои низоми ягонаи эътиқод аст. Вале имрӯз ташкили падидаи сиёсиро тақозо менамояд. Барои мисол ҲНИТ (ҲНИШ) бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар давлати соҳиб истиқлоли Тоҷикистон нофаҳмиҳоро овард, чунки ӯ шиамазҳаб буда, мардуми Тоҷикистони азиз инро намехоҳанд. Омилҳои ифротгароии дини дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ таъсири манфи мерасонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир таъсири тундгароии динӣ дар байни ҷавонон зиёд шуда, созмонҳои динии ифротӣ пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият карда истодаанд. Тоҷикистон, бо вуҷуди давлати дунявӣ буданаш, аз чунин хабарҳо эминнест. Чунки тундгароӣ дар баъзе минтақаҳо густариш меёбад ва ин гуруҳҳо ба эҳсоси динии аҳолӣ таъсир расонда, бо паҳн намудани идеологияи тундгароии исломӣ, ба он ҷанбаи сиёсӣ медиҳанд.

 

Тероризм ва экстремизм ҳамун зуҳуроти номатлуб  ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст. Дар замони муосир яке аз намудҳои ҷинояте, ки ба асоси сохти канститутсионӣ ба миён меовард, ин ҷиноятҳои экстремисти дошта ва аминияти давлатҳоро хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад  ин ҷиноятҳои  хусусиятиҳои экстремистӣ яъне, ифротгароӣ  дошта  мебошанд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки борҳо сарвари давлат дар баромадҳояшон нисбати  ин мушкилиҳо дар давлатҳои абадқудрати ҷаҳонӣ аз он ҷумла  Иёлоти муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , Давлатҳои Мутаҳидаи Араб, Иттиҳоди Давлатҳои Аврупо ва Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  Конфронсҳои байналмиллалӣ мавриди муҳокима қарор додаанд.

Ҳаракат, , фирқаву ҷамоат ва равияҳои тундрав нодурурст буда, ҳамагуна рафтору кирдор, гуфтор ва шиору даъватҳои нҳо беасосу бемантиқ, мардум – мардумфиребӣ, мухоллифи таълимоти шариати  исломӣ ва сабаби аслии парокандагӣ мебошад.

         Мавҷудият ва эътирофи мазҳаб ва роҳҳои  мухталифи дар як њақиқт дар ислом њамчун усули  гуногунандешаи илмӣ ва маърифати, воситаи рафъи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимои ва ҳуқуқӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба яроқи муборизаи афкор ва аъмол табдил дода шавад. Зеро ҷавҳари таълимоти илмӣ  ахлоқӣ ва ҳатто фарҳанги исломӣ таҳамул ва эҳтироми андешаҳои мухолифро  тақозо дорад. Пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ, ин беҳтарин ва ботаҳамултарин усули бартараф намудани чунин тудравиҳо в зиёдаравиҳост.

         Мавриди ёдоварист,ки Қуръони карим бо зикри «ба номи Худованди  бахшандаи меҳрубон»  оғоз мешавад ва дар он раҳму шавқат аст. Куштор, бераҳмӣ ва таркондани  макони макони оромии мардум ба ҳеҷ  ваҷҳ аз Офаридгори бахшояндаву меҳрубон буда наметавонад.