Ғолибон муайян гардиданд (1619)

   Бо мақсади иҷрои банди 34 Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, «Дар бораи  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ» дар қаламрави ноҳия озмуни ҷамоати деҳоти беҳтарин, деҳаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин ва оилаи беҳтарин эълон карда шуд, ки он Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида ғолибон муайн карда шуданд. Соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва  тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб шарафёб гардиданд.    

 

                     Ҷамоати  деҳоти  беҳтарин

 

Ҷойи аввал- ҷамоати деҳоти Лучоб.

Ҷойи дуюм - ҷамоати деҳоти Чорбоғ.

Ҷойи дуюм - ҷамоати деҳоти Деҳмалик.

Ҷойи сеюм - ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.

 

                          Деҳаи  беҳтарин

Ҷойи аввал - мавзеи Девдараи ҷамоати деҳоти С.Айнӣ.

Ҷойи дуюм – деҳаи Ҷангалаки ҷамоати деҳоти Чорбоғ.

Ҷойи сеюм – деҳаи Такоби ҷамоати деҳоти Деҳмалик.

 

                            Кӯчаи  беҳтарин

 

Кӯчаи Лоиқ Шералии ҷамоати шаҳраки Такоб

 

                            Оилаи беҳтарин

Ҷойи аввал- оилаи Оев Сўҳроб  аз  ҷамоати  деҳоти Лучоб.

Ҷойи дуюм – оилаи Ашӯров  Абдурањим аз ҷамоати деҳоти Чорбоғ.

Ҷойи сеюм – оилаи Зоиров Изатулло аз ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.

   Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб

   Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Шерализода Муҳамадулло Умар, сардорони идораҳои қудратӣ, муовинони раиси ноҳия, кормандони  дастгоҳ, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, инчунин иштирокчиёну ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар шахсони даъвати баргузор гардид.

   Пас аз ироаи паёми табрикӣ раиси ноҳия М.У. Шерализода ба як қатор фаъолон, иштирокчиёни  барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ ва ғолибони озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

 

  ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ МЎҲТАРАМ ШЕРАЛИЗОДА МУҲАМАДУЛЛО УМАР  БАХШИДА БА РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ  ТОЉИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

   Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

   Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

   Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

   Бинобарин, бо камоли самимият Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи хушманзараи Варзоб самимона табрик гуфта, бароятон муваффақияту комёбињои шоиста орзу менамоям.

   Миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам аст, ки он  ҳамчун рамзи озодию Истиқлол ва саодати миллӣ мебошад. Дирафши Ковиён нахуст  Парчами ориёнтаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медиҳад. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери Парчам борҳо бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.
   Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну мӯҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

   Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.

   Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои мухими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории замони мо, таҷассумгари асосҳои  таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

   Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад  ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.

   Чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд; «Парчами  давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».

   Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин парчами муқаддас меваи озодию истиқлолият, меваи созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.

   Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрўз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

   Парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд.

   Кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» зери парафшонии Парчами давлатӣ ин як нишонаи пешравӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии саросарӣ буда,  Тоҷикистонро  ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ месозад.  

    Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҷри Душанбе  ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парафшонӣ намуда истодааст.

   Дар ин радиф дар ноњияи Варзоб низ сохтмони Парчами давлатӣ ба баландии 30 метр дар боғи фарҳангии ноҳия оғоз гардид. Ба истифодадиҳии он дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

   Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ин рўзи фархунда самимона табрик намуда, бароятон сиҳатию саломатӣ, рўзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатӣ чун меҳру муҳаббат ба Ватанамонро орзу менамоям.

   Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшону ҷовидон монда, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Ватани азизу маҳбубамон бошад.

 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
       Дар озмун ҷавонону наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанию ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод менамоянд.
       Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
       Ғолибони озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.
       Инчунин, боиси ифтихори сокинони ноҳияи Варзоб аст, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар жанри академии "Номинатсияи сароянда" сокини деҳаи Кондараи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа Икром Шарипов бо сазовор гардидани ҷои 3-юм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ноил гардид, ки ин туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
       Ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба Икром Шарипов мукофоти ҳавасмангардонии пулӣ тақдим гардид.
 
Маҳтоб Қосимзода,
муовини раиси ноҳияи Варзоб

 

ПАЁМИ ТАБРИКИИ  РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ МЎҲТАРАМ ШЕРАЛИЗОДА МУЊАМАДУЛЛО УМАР БАХШИДА  БА ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   Ҳамдиёрони азиз !

   Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ  14 майи соли 2016 бо пешниҳоди парлумони кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар асоси он ба моддаи 2-и  Қонуни мазкур боз як рўзи таърихӣ илова гардид – 16  ноябрро ҳамчун  Рўзи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон пазируфтанд.     

   Ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили  Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.

   Президенти муаззами кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба фардои ҳаёт норавшан буд. Баробари Роҳбари давлат интихоб гардидан, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ чунин иброз доштанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ҷиҳати  шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам».

   Вазифа ва ҳадафҳое,  ки дар он рўзҳо пешорў меистоданд, оҷилан андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати хомўш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардонидани гурезагони иҷборӣ, нигоҳ доштани якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба корҳои созандагӣ буд.

   Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути  марди олиму оқилу фозилу хирадманд буданашон, бидуни  талафот  Созишномаи  сулҳро  ба  имзо  расонида,  дар  роҳи  овардани  сулҳ  ба  Тоҷикистон  нақши  муҳимро  ифо  намуданд. Боиси  ифтихори  ҳамагон  аст, ки  таҷрибаи  пойдории  сулҳи  Тоҷикистонро  дигар  кишварҳои  ҷаҳон  омӯхта,  истифода  мебаранд.

   Мутобиқи нахустизҳороти худ ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин намуданд.

   Адабиёти тоҷик дар ситоиши накўкориҳои  қаҳрамони меҳвари саршор аз асарҳои барҷаставу ибратомўз аст. Ин шахсияти бузурги сиёсӣ ходими ҷамъиятӣ, бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва давлати миллии тоҷикон рисолати  таърихии худро дар назди халқу Ватан ба ҷо оварда, бо ҳиммати баланд ва зеҳну тафаккури олии созанда эътибори  мардуми кишварро дар ақсои олам ба маротиб афзуданд. Барои тасвири  симои ин тоҷики асил, меросдори хиради ниёгон, устувору ҷонфидо, бунёдкору созанда, ҳомӣ ва муҳофизи тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садҳо ҷилд китобҳои бузург интишор кардан кам аст.

    Ситоишномаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти тоҷик бардавом ва беинтиҳост. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувваи сиёсӣ, аз ҷумла, нерўҳои низоъангез, ки имрўз ин дастовардҳоро нодида мегиранд, хоҳу нохоҳ мавҷудияти Тоҷикистон ва ягонагии онро наметавонад инкор созад.

   Дар арсаи  байналмилалӣ  ҳамчун  шахси  сулҳофару  сулҳпарвар,  сарҷамъкунандаи  миллату  мардумсолор,  амалисозандаи  заҳматҳои  ояндабинона  баҳри  рушду  нумӯ  ва  ободии  Ватану  овардани  шароити  арзанда  барои  мардуми  кишвар,  ташаббускори  ҳалли  масъалаҳои  глобалӣ  шинохта  шудани  Пешвои  миллат,  Президенти  Тоҷикистонро  на  танҳо  сокинони  кишвар,  инчунин,  ҷаҳониён  эътироф  намудаанд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалањои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, ки аз ҷониби дигар сарварони давлатҳои абарқудрат баҳои баланд гирифта, бори дигар ба раддабандии бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон ворид шуданд, ки дар ин рӯйхат 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон шомиланд. Сарвари давлати Тоҷикистон бори шашум аст, ки ба ин раддабандӣ ворид мегарданд.

   Ташаббуси чоруми ҷаҳонӣ дар соҳаи об –«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маљмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

    Руйдоди таърихии дигар ба кор андохтани агрегати якуми нерўгоҳи барқи обии « Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба хисоб меравад.

   Имрӯз  ба баҳои баландтарин  сазовор гардидани  фарзанди  фарзонаи  миллатамон,  ба  боварии  халқ даромада маъво  гирифтан  дар дили хурду бузург аст, ки  хушбахтона,  ин  ба  Пешвои  маҳбубамон  ба  пуррагӣ  насиб  гаштааст.  Маҳз  бо  дарназардошти  хизматҳои  шоиста  баҳри  эҳёи  давлати  тоҷикон,  саҳми  бузургаш  дар  барқарор  кардани  сулҳ,  сарҷамъ  кардани  миллати  тоҷик  ва  ваҳдати  мардум  ба  фарзанди  фарзонаи  халқи  тоҷик,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  унвони  “Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  — Пешвои  миллат”  дода  шудааст.  Аз  ин  лиҳоз,  барои  мо  ҳаёту  хизматҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  намунаи  олии  ватандӯстӣ,  намунаи  беҳтарини  хизмат  ба  Ватан  ва  ҷомеа,  вафо  ба  қавлу  амал  мебошад. 

   Дар санаи 11  октябри  соли  равон  дар  чорабинии  бисёр  муҳимми  сиёсӣ — интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сокинони ноҳия дар баробари  мардуми  кишвар  бо  як  ҷаҳон  эътиқоду  боварии  бузург  сарнавишти  миллат  ва  тақдири мамлакатро маротибаи   панҷум  ба  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои  миллат  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  вогузор  намуданд.

   Чуноне, ки  ҳангоми суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд; – “ Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии  мардуми  шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии  фаъолонаи  ҷавонони  ватандӯсту  бонангу  номус  руҳу  нерӯи тоза гирифта,  дар  ҷодаи  рафъи  мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва  иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳакам ва азми қавӣ қадам гузоштам. Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату  талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату  самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”.

   Ин санаи муборак бегуфтугў ба иди воќеии мардум  табдил ёфта, сокинони ноњия дар баробари тамоми сокинони ҷумњурї бо ифтихор ва дилу дидаи гарм онро таљлил мекунанд.

   Имрўз  мо сиёсати сулҳҷўёнаву ваҳдатофари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, шукронаи ваҳдату ягонагии миллатро мекунем. 

   Таҷлили Рўзи Президент дар қатори Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Конститутсия ҷашни ифтихории мост. Он ҳамчун  санаи фаромўшношуданӣ дар саҳифаи китоби таърихи тоҷикон  бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Имрўз корвони истиқлол бори гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагиро бо қадамҳои устувор дар шоҳроҳи бузург пеш мебарад.

                      Дӯстони азиз !

   Бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шумоён ва сокинони ноҳияро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳр, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.