Саҳобагони паёмбари ислом, алайҳи салом, ва пешвоёни тамоми маҳзабҳои исломӣ: чи аҳли суннат ва чи аҳли ташайюъ аз оятҳои Қуръону ҳадисҳои Расули Худо, алайҳи салом, истинбот намуда, ҳамагӣ ба ин ичмоъ расидаанд, ки аз назари шариати исломӣ парвариш, паҳнсозӣ ва истеъмоли маводи мастиовар, аз чумла маводи мухаддир ва шароби масткунанда ҳаром аст.

Аз сабаби он, ки дар замони садри ислом машҳуртарин ва паҳншудатарин навъи маводи масткунанда шароб будааст, масъалаи ҳаром будани он аз ибтидои таълимоти исломӣ мавриди ичмои уламои исломӣ қарор гирифтааст. Илова бар ин уламои исломие, ки дар замони худ бо масъалаи маводи мухаддир бевосита ру ба ру шудаанд, низ бар ҳаром будани тамоми навҳои он фатво додаанд ва истилоҳи фиқҳӣ, «Ичмоъи уламо», яъне назари тамоми уламои исломӣ бар ҳаром будани маводи мухаддир низ ҳосил шудааст. Мувофиқи қоидаҳои усули фиқҳи исломӣ «Ичмоӣ уламо» яке аз манбаҳои аслӣ (севумӣ) ташаккули меъёрӣ шариати исломӣ буда, дар суръати ҳосил шудани ичмоъи уламо дар мавриди масъалаи муайян, он ҳукм ба ҳукми шеъри табдил шуда, ичрои он барои пайравони шариати исломӣ вочиб мегардад. Табиист, ки ичмоъи уламо дар такяи бевосита ба фармудаҳо ва мазмуни оёти Қуръони Карим ва ҳадисҳои саҳеҳӣ набавӣ ҳосил мешавад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориён ва шиддат гирифтани мушкилотҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Сиёсатшиносон ва коршиносони масъалаҳои сиёсию динӣ, муносибатҳои байни давлат ва баъзе ташкилоту созмонҳои динии мавҷударо дар Тоҷикистон шарҳ дода, ташвиши худро иброз медоранд, ки ҳамаи қувваҳо имрӯз зери пардаи дин баромад ва ба ҳар корҳои ифлос даст расонда, мардуми мусалмони тоҷикро аз дину ойинаш ҷудо карданианд.
Пайдоиши низоъ ва моҷароҳо дар асоси зиддият ва ихтилофоти мазҳабӣ бар манфиату ҳадафҳои геополитикии баъзе кишварҳои абарқудрат аст, ки маҳз онҳо ҳамин чизро мехоҳанд. Онҳо бо мақсади амалӣ намудани ҳадафу сиёсати хеш, бо баҳонаи аз байн бурдан ва маҳв намудани ифротгароӣ ва терроризми динӣ ба кишварҳои нав ба нав ҳуҷум менамоянд. Чунин амалҳои ғаразҷӯёна, ҷангҷӯёна ва моҷарои абарқудратҳоро алайҳи баъзе давлатҳо, аз ҷумла Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳои Африқо дидан мумкин аст.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмони гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифродгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки инро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳизбу ҳаркатҳои дорои хусусияти дини одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеъ меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократи метавонад, динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.

Ҷавонону наврасони имрузаи мо воқеан як насли хушбахту комроне хастанд, ки барояшон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди орзуҳо ягон монае вуҷуд надорад. Ҳар он касе, ки аз чунин Ватани осудаву обод ва ру ба тараққиёт заррае норозиги баён мекунад, чунин шахсро носипос ва намакношинос гуфтан ҷоиз аст. Зеро тақдири ҷавонону наврасони мамлакатҳои ҷангзада ва рузгори талхи мардуми он сарзаминҳое, ки амалҳои террористию экстремистӣ дар он ҷойҳо кариб ҳар руз рух медиҳанд, пеши назар оварда, бояд шукронаи ин мулки биҳиштосои худро намуд.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонии бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани карорҳо мебошад.