Дар тамоми давлатҳои дунё ифроггарои барои инсоният як фоҷиаи мудҳишест, ки ин фоҷиа ҷомеаро ҳама вақт халалдор месозад. Дар ҷомеаи конунӣ дар дохили пайравони дини ислом ифротгаронии динӣ авҷ гирифта, пешгирии он мушкил гардида истодааст.

Дар асри VII дар нимҷазираи Араб Паёмбар Муҳаммад (с) мардумро ба дини ислом даъват карда буд. Ин дин оҳиста-оҳиста оламгир шуд, ки дорои низоми ягонаи эътиқод аст. Вале имрӯз ташкили падидаи сиёсиро тақозо менамояд. Барои мисол ҲНИТ (ҲНИШ) бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар давлати соҳиб истиқлоли Тоҷикистон нофаҳмиҳоро овард, чунки ӯ шиамазҳаб буда, мардуми Тоҷикистони азиз инро намехоҳанд. Омилҳои ифротгароии дини дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир таъсири тундгароии динӣ дар байни ҷавонон зиёд шуда, созмонҳои динии ифротӣ пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҳии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият карда истодаанд. Тоҷикистон, бо вуҳуди давлати дунявӣ буданаш, аз чунин хабарҳо эминнест. Чунки тундгароӣ дар баъзе минтақаҳо густариш меёбад ва ин гуруҳҳо ба эҳсоси динии ањолӣ таъсир расонда, бо паҳн намудани идеологияи тундгароии исломӣ, ба он ҷанбаи сиёсӣ медиҳанд.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм  вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм  ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Бо иқдоми ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Варзоб дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонони  ноҳия корҳои зиёди фаҳмондадињӣ ва суҳбату вохӯриҳо ташкил карда шудааст. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавӣ дорад.

Хатарҳои ҳалокатвори терроризм ва экстримизмро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола дар паёмҳои худ ба маҷлиси Олӣ оқибатҳои номусоиди ин амалҳои ғайриинсониро баён менамоянд. Пешвои миллат дар Паёми худ чунин нуқтаҳоро қайд намуда буданд: “Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академия илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.