Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, боистеъдод ва ҳушманд боиси ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгарову ситезаҷӯй  доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунату низоъу фитнаҳои навбатӣ мебошанд. Имруз дар замони иттилоот ва технологияи инноватсионӣ ҷавононе ҳастанд, ки тамоми рӯз дар сомонаҳои интернетӣ машғул буда, ба ягон кори дигаре машғул нестанд. Надоштани саводи кофӣ ва маърифати ҳуқӯқи  ҷавононро ба доми  фиребу найранги  унсурҳои дохилӣ ва хоҷаҳои  хориҷӣ  меафтонанд.

 

   Барои бешарафон ва ҳарзагӯён, ки дар миёни  ҷомеъа   ҳамчун иғвоангезу ситамгар, дурӯяву ватанфӯш, разилу бехирад, носипосу кӯрнамак маъруфу машҳур мебошанд обу нону хоки Ватан, арзишҳои волои ваҳдату якдилӣ, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азизу соҳибистиқол,  ҳайф асту  ҳайф аст !!!

Давлати Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни пешгирии ифротгароӣ роҳи  дурустеро пеш гирифт. Масалан, барои рӯҳониёне, ки  масъулияти  имом-хатибии масҷидҳои ҷомеъро бар дӯш доранд, аз ҳисоби буҷаи давлат маош таъйин гардид, то ходимони дин барои пешгирӣ намудани ин гуна ҷараёнҳо кумаки имонӣ ва виҷдонӣ расонанд ва ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа хидматашонро  дареғ надоранд.

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замон  муосир ба шумор рафта дар  ҷомеа тобишҳои  моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоиро  қавӣ менамояд. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.